«

»

Янв 03

Print this Запись

Хулосаҳо ва пешбиниҳо оид ба ноҳияи Ҷаббор Расулов

g23Тоҷикистон кишвари кишоварзӣ ва дергоҳ чунин мемонад. Асоси некуаҳволии мардуми кишварро дастовардҳои ҷузъҳои оммавии истеҳсоли кишоварзӣ, аз қабили хоҷагиҳои инфиродӣ ва наздиҳавлигӣ, соҳибони заминҳои «президентӣ», кооперативҳои хурди кишоварзӣ ташкил медиҳанд. Расман дар Тоҷикистон ислоҳоти замин асосан ба охир расидаст, ки бояд поягузори қавии рушди муносибатҳои бозорӣ дар деҳот гардад. Мутаассифона, ин ба таври комил ба ҷо оварда нашудаст. Тадқиқотҳо тасдиқ намуданд, ки бисёри колхозҳою совхозҳои собиқ пас аз таҷдид ҳам муносибатҳои пештараи феодалии худро нигоҳ доштаанд. Чунин муносибат зидди бозоргонӣ буд. g20Аъзоёни онҳо мисли собиқ дар замин бемузд кор мекунанд.

Аъзоёни хоҷагиҳои деҳқонӣ расман соҳибони коллективии  замину дигар манбаъҳо ҳисоб ёбанд ҳам, дар асл иҷорагирони қитъаҳои замин мебошанд ва маҷбуранд ҳақи иҷораи заминро дар шакли маблағ ҳар семоҳа пардохт кунанд ё маҳсулоти кишоварзиро бо нархи пасти таъиншуда супоранд.

Ҳолатҳои феодалӣ дар ҷамоатҳои таҳқиқшаванда на камтар аз нисфи маҳсулоти кишоварзиро аз ҳудуди муносибатҳои бозорӣ берун мебароранд

 

Хелҳои пешгӯӣg21

Хели 1: афзоиши миқдори истеҳсоли кишоварзӣ бе тағйирёбии сохтори он

Маҳсулоти илова истеҳсол намуда мисли ҳозира афзалан барои фурӯш ба бозори маҳал равона мегардад. Имконияти дар бозори маҳал фурухтани маҳсулот барои мардуми маҳал маҳдуд аст, чунки зиёдатии мол нархи онро паст мефурорад, ба бозор ва деҳа ҷаллобон аз дигар минтақаҳо метозанд ва фоидаи асосиро аз афзоиши иситеҳсол ба даст меоваранд.
Саҳнаи нисбатан мулоимтар: деҳқонон маҳсулоти ба таври илова истеҳсолшударо дар бозорҳои шаҳрҳои вилоят (Хуҷанд, Бӯстон, Гулистон, Ғафуров) ба фурӯш мебароранд. Инҳо бозорҳои нисбатан ғунҷойишдор, барои ҳамин дар сурати нигоҳдории чунин андозаи истеҳсолот ҳам деҳқонон метавонанд дар муқоисаи ҳозира 15-20% бештар даромад ба даст оваранд. Лекин саволи қонунӣ бармеояд: агар чунин даромад бе ҷалби сармояи истеҳсолӣ мумкин бошад, пас деҳқононро ба фаъолияти тиҷоратӣ равона намуд? Барои маблағгузории истеҳсолӣ бошад, мантиқан таъиноти дигари оқилонаро ёфтан даркор.

Ҳамин тавр табиист, ки меоем баg7

Хели 2: тағйири сохтори истеҳсол, рушди коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, инкишофи маркетинг ва фурӯши зерсохторӣ

Роҳҳои баланд бардоштани некуаҳволии оммаи истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзиии минтақаҳои татқиқшавандаро чунин мебинем:

  • ҷалби деҳқонон ба ёфтани қарорҳои оқилонаи мушкилотҳои худ бо роҳҳои ҳалли ғайрианъанавӣ
  • омӯзиш ва гузаронидани татқиқотҳои инфиродӣ ва маркетингӣ,
  • омӯзиш, тартиб додан ва ҳимояи ҳар як деҳқон, соҳиби қитъаи наздиҳавлигӣ нақшаи соҳибкории худ, ки бе он ягон кӯмаки барнома пешниҳод намешавад,
  • ба гардиш дохил намудани навъҳои нави ноҳиябандишуда, аз он ҷумла навъҳои маҳсулоти пештар дар минтақа истеҳсолнашуда, якҷоя бо ташаккули талаботи бозор,
  • гуногунии истеҳсол (хелҳои маҳсулот, васеъгардонии мӯҳлати истеҳсол, интихоби зироат барои истеҳсол, интихоби зироат барои истеҳсоли 2 ҳосил дар сол, киштгардонии босаводона),
  • пайвасткунии силсилаи истеҳсоли худӣ (масалан, васеъгардонии истеҳсоли хӯроки чорво барои фарбеҳкунии ҳайвони шохдори майда, коркарди пашму пӯст),
  • баландбардории ҳаҷм , сифат ва арзиши қиёсии истеҳсол (навъҳо, усулҳои агрономӣ, мубориза зидди зараррасонҳо),
  • васеъкунии мӯҳлати фурӯши маҳсулот (беҳгардонии ҷамъоварӣ ва нигоҳдории маҳсулоти истеҳсолшуда),
  • ташкили коркарди маҳсулоти кишоварзии маҳалӣ
  • зиёдгардонии чуқурии коркард, намуди бозоргири маҳсулот
  • баромад ба бозорҳои беруна (кооператсияи истеҳсол ва фурӯш, майл ба қолабҳои байналхалқӣ ва афзалиятҳо),
  • ташвиқи маҳсулоти истеҳсолмешуда ба бозори беруна

истеҳсоли мустақилонаи молҳои ба таври анъанавӣ истеъмолмешуда (қанд, маҳсулоти қаннодӣ, май ва ғ)

Permanent link to this article: http://jovid.tj/tj/%d1%85%d1%83%d0%bb%d0%be%d1%81%d0%b0%d2%b3%d0%be-%d0%b2%d0%b0-%d0%bf%d0%b5%d1%88%d0%b1%d0%b8%d0%bd%d0%b8%d2%b3%d0%be-%d0%be%d0%b8%d0%b4-%d0%b1%d0%b0-%d0%bd%d0%be%d2%b3%d0%b8%d1%8f%d0%b8-%d2%b7%d0%b0/