«

»

Янв 03

Print this Запись

Ба тренинг ва машваратҳо беш аз 1 000 нафар ташриф оварданд…

Мутобиқи нақшаи тартибдода чорабиниҳо оид баТренинг по агрономии в дж. Сурх муайян намудани эҳтиёҷот ба тренингу машваратҳо барои гуруҳҳои лоиҳавӣ гузаронида шуданд. Дар баробари ин, «Ҷовид» мушкилотҳои фермерҳоро ҳангоми фаъолияти ҷорӣ ба назар мегирад ва бо мурури замону  меъёри ҷамъ шудани саволҳо тренингҳо ва рӯзҳои саҳроӣ бо ҷалби мутахассисон барои ҳалли онҳо ташкил мекунад.

Мувофиқи таҳлили гузаронидашуда фермерҳо-соҳибони хоҷагиҳои шахсии ёрирасон дар кушоиши мавзӯҳои зерин манфиатдоранд:

  1. Барпо намудан ва фаъолияти хоҷагиҳои деҳқонӣ
  2. Андозбандӣ ва андози ягона
  3. Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии замин
  4. Чорабиниҳои мубориза бо паҳнкунандагони касалиҳо ва зараррасонҳои картошка
  5. Боғдорӣ
  6. Чорвопарварӣ
  7. Нигоҳдорӣ вакоркарди маҳсулотҳои кишоврзӣ
  8. Маркетинги маҳсулоти кишоварзӣ
  9. Усулҳои истифода бурдани замин ва ҳифзи хок
  10. Бохабарии ҳуқуқии фермерҳо

trening_pfhТренингу семинарҳо мутобиқи эҳтиёҷоти гурӯҳҳои лоиҳавӣ гузаронида шуданд. Аз ҷониби машваратчиёни кишоварзӣ ба таври миёна дар як моҳ 5,5 тренинг аз рӯи самтҳои гуногун ташкил мешуданд. Ҳангоми ба нақша гирифтани семинару тренингҳо чунин хусусиятҳои истеҳсоли кишоварзӣ ба монанди  мавсимӣ будани мӯҳлати парвариши зироат, мӯҳлати гузаронидани семинар ба назар гирифта мешуданд. Масалан, тавре таҳлилҳо нишон доданд,  вақти самараноктарин барои гузаронидани тренингҳо аз рӯи самти иқтисодиёт, банақшагирӣ ва менеҷменти хоҷагӣ – ин мавсими зимистону баҳор, зеро дар ин замон аксари фермерҳо фаъолияти солонаи худро ба нақша медароранд.

Тренинг по повышению плодородия почвыАз ҷониби машваратчиёни кишоварзӣ тамоми давра 50 тренинг, семинарҳо ва рӯзҳои саҳроӣ аз рӯи масъалаҳои дар боло қайдшуда гузаронида шудааст. Дар онҳо 1 064 нафар аз ҷамоатҳои лоиҳавӣ ширкат варзиданд. Шумораи занони дар семинарҳо иштирокдошта  23,9% — ро ташкил дод.

Permanent link to this article: http://jovid.tj/tj/%d0%b1%d0%b0-%d1%82%d1%80%d0%b5%d0%bd%d0%b8%d0%bd%d0%b3-%d0%b2%d0%b0-%d0%bc%d0%b0%d1%88%d0%b2%d0%b0%d1%80%d0%b0%d1%82%d2%b3%d0%be-%d0%b1%d0%b5%d1%88-%d0%b0%d0%b7-1-000-%d0%bd%d0%b0%d1%84%d0%b0%d1%80/