«

»

Окт 25

Print this Запись

Рушди боғдорӣ дар баландкӯҳ

Рушди боғдорӣ дар баландкӯҳ4

  Ташкилоти Ҷамъиятии Байналмилалии Хайриявии «ҶОВИД» (ТҶБХ «ҶОВИД»), инчунин аз ҳисоби хайроти шахсии Нурмамадов Рамазон дар солҳои 2004 – 2005 бо мақсади рушди боғдорӣ дар деҳаи Даршаи ҷамоати Шитхарви ноҳияи Ишкошим дар баландии 2740 м аз сатҳи баҳр боғи озмоишии дарахтони мевадор барпо карда шуд. Ин боғ аз 33 навъҳои зироатҳои сермаҳсул ва сифати ҳосил беҳтарини 15 намуди донакдор, тухмидор, чормағзии мевадор ва буттагӣ иборат аст. Тамоми навъҳои 3гуногун аз вилояти Суғд оварда шуданд ва ҳоло ҳосили арзишманди хоҷагӣ медиҳанд. Дар ин шароити кӯҳистон, ки миқдори  солонаи боришот 80 – 90 мм — ро ташкил медиҳад, зимистон асосан камбарф ва хунук (ҳарорати зимистон -20 –25 дараҷа), хок регзори серсанг. Чунин маҷмӯи намудҳои зироатҳои мевадор ва навъҳои онҳо дар ин минтака  маротибаи аввал парвариш мешаванд. Интихоби намудҳо ва навъҳои мевагиҳо бо баҳисобгирии шароити иқлим, ҷойгиршавии ҷуғрофӣ ва ҳолати боғҳои мевадиҳандаи мавҷудбудаи минтақа гузаронида шуд. Сермаҳсулии бештарро ҳамаи 5 навъҳои зардолу (Мирсанҷалӣ, Кадухурмоӣ, Қандаки Аҳмадӣ, Бобоӣ ва Моҳтобӣ), 2 навъи шафтолу (Чиллагӣ ва Лолаи барвақтӣ), навъи олуи Кометаи Кубанӣ, гелоси Дроганаи зард, олуболуи Самарқандии маҳаллӣ, олучаи маҳаллӣ нишон доданд. Аз мевадорҳои тухмдор бошад, нисбатан самаранокии хубро навъҳои себи Старкримсон, Хубонӣ, Голден делишес, ноки маҳаллии тезпазак, Лесная Красависа нишон доданд. Себи Ренет Симиренко, ноки Дилафрӯз бошанд пухта нарасиданд. Насли навъи бодоми Пистабодом ба ин шароитҳо тоқатпазир баромад ва ҳосили хуб медиҳад. Чормағз  пас аз 13 соли шинондан ҳосили нахустин дод. Ду навъи санҷиди шинондашуда (Қандак ва Санҷиди маҳаллӣ) ҳосили нагз доданд. Ин зироатро дар ин маҳал ба сифати қатори дарахтзори муҳофизатӣ истифода бурдан мумкин аст. Аз байни 5 навъи ангур (Чиллагии сафед, Чиллагии сиёҳ, Ҳусайнии сафед, Ҳисории барвақтӣ, Тоифии гулоб) Ҳисории барвақтӣ ва Ҳусайнии сафед муносиб баромаданд.     Дар ин маҳал настарани калонмева серҳосили зоҳир намуд. Ҳамин боғи мевадор барои фермерҳо ва боғпарварони ҳавасманд қитъаи хуби намоишӣ мебошад (объекти исбот), ки хоҳиши ташкили боғи мевадор доранд. Ташрифоварандагони боғ амалан дониши худро аз рӯи масъалаҳои агротехникаи парвариши боғи мевадор (интихоб ва омодасозии қитъа барои бунёди боғ, тарҳ ва усули шинондани ниҳолҳо, мӯҳлат ва тарзи пайвандкунию шохбурии растаниҳои мевадеҳ, обёрӣ, ғизодиҳӣ, мубориза бо касалиҳо ва ҳашаротҳои зараррасон, мевахушккунӣ ва ғ.) васеъ мекунанд. Боғпарварони зиёде аз Даршай, Шитхарв, Намадгут ва дигар деҳаҳо боғҳои худро бо қаламчаҳои навъҳои арзандаи ин боғи озмоишӣ хушнавъ гардониданд. Ташкилоти Ҷамъиятии Байналмилалии хайриявии “Ҷовид” дар ҳошияи курсҳои кӯтоҳмуддат ва тренингҳои боғпарварӣ дар пояи ҳамин боғ машғулиятҳои амалӣ ва рӯзҳои саҳроӣ мегузаронанд.

 Зиёдшавии шумораи боғдорони таҷрибадор, васеъгардонии майдони боғи сермаҳсули мевадиҳанда барои барпо намудани ҷойҳои нави кор ва беҳтаргардонии сатҳи зисти мардуми ин канори кишварамон мусоидат мекунад.

 

Permanent link to this article: http://jovid.tj/tj/%d1%80%d1%83%d1%88%d0%b4%d0%b8-%d0%b1%d0%be%d2%93%d0%b4%d0%be%d1%80%d3%a3-%d0%b4%d0%b0%d1%80-%d0%b1%d0%b0%d0%bb%d0%b0%d0%bd%d0%b4%d0%ba%d3%af%d2%b3/