«

»

Окт 25

Print this Запись

Муаррифии лоиҳа

Моҳи маи соли 2016 дар ноҳияҳои таҳти лоиҳа қарордошта дар ВМКБ (Ишкошим ва Мурғоб) Ташкилоти Ҷамъиятии Байналмилалии Хайриявии “Ҷовид” муаррифии лоиҳаи “Рушди малакаҳои касбӣ ва баланд бардоштани имкониятҳои бо шуғл таъмин гардидани ҷавонон дар Тоҷикистон” — ро, ки маблағгузораш Welthungerhilfe (мо маъмулан Агро Аксияи Олмон мегӯем) буда, ташкилоти дар боло зикрёфта амалисозандаи он мебошад, гузаронид.

Ба муаррифии лоиҳа намояндагони мақомоти маҳалии ҳокимияти давлатӣ, Агентии шуғли аҳолӣ ва муҳоҷирати меҳнат, муассисаҳои омӯзиши ибтидоии касбии калонсолон, Ассотсиатсияи соҳибкорон, дигар ташкилотҳои байналмилалию маҳалӣ, манфиатбинони лоиҳаи пештараи ҳамин ташкилот даъват шуда буданд.Презентация 2

Раиси ТҶБХ “Ҷовид” Нурмамадов Рамазон оид ба фаъолияти ташкилот ва вазифаҳои лоиҳа мукаммал маълумот дод. ТҶБХ “Ҷовид” дар давоми 15 соли фаъолияти хеш дар атрофи 35 лоиҳаҳоро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, махсусан вилояти Суғд, бомуваффақият дар амал тадбиқ намуд; дар ташкилот 6 шӯъба фаъоланд, ки дар онҳо мутахассисони соҳибихтисоси соҳаҳои гуногун пурмаҳсул кор мекунанд.

Лоиҳаи “Рушди малакаҳои касбӣ ва баланд бардоштани имкониятҳои бо шуғл таъмин гардидани ҷавонон дар Тоҷикистон” бо самтҳои афзалиятноки Ҳукумати ҶТ мувофиқат мекунад ва ба манфиати ҷавонони бе шуғли минтақаи Рашт (ноҳияҳои Сангвор ва Рашт) ва ВМКБ (ноҳияҳои Ишкошим ва Мурғоб) нигаронида шудааст.

Давомоти лоиҳа 46 моҳро дар бар мегирад.Презентация

Мақсади аслии ҳамин лоиҳа гузаронидани омӯзиш ва бозомӯзии 1500 ҷавонони синни аз 15 то 30 сола дар доираи рушди малакаҳои касбӣ, тренингҳои соҳибкорӣ бо хатмкардагони курсҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзӣ; барои 60 омӯзгор ташкилу гузаронидани ТОТ (тренинги омӯзиши тренерон) бо мақсади такмили дониш ва малакаи усулҳои муосири омӯзиши калонсолон; интихоб ва дастгирии тахминан 200 ақидаҳои беҳтарини соҳибкории гурӯҳӣ ва инфиродӣ; расонидани кӯмаки минбаъдаи маслиҳатдиҳӣ барои беҳтар ба роҳ мондани фаъолияти соҳибкорӣ мебошад.

Кулли иштирокварзидагон сипосгузории худро аз натиҷаҳои лоиҳаи пештара, ки дар минтақаи номбурда гузаронида шуд, иброз доштанд ва омодагии хешро барои ҳамкории оянда бо лоиҳаи “Рушди малакаҳои касбӣ ва баланд бардоштани имкониятҳои бо шуғл таъмин гардидани ҷавонон дар Тоҷикистон” баён намуданд.

Permanent link to this article: http://jovid.tj/tj/%d0%bc%d1%83%d0%b0%d1%80%d1%80%d0%b8%d1%84%d0%b8%d0%b8-%d0%bb%d0%be%d0%b8%d2%b3%d0%b0/