«

»

Окт 25

Print this Запись

Дастгирии картошкапарварон ва соҳибхоназанон

2 1Дастгирии картошкапарварон ва соҳибхоназанон

 Ташкилоти Ҷамъиятии Байналмилалии Хайриявии «ҶОВИД» (ТҶБХ «ҶОВИД») соли 2018 бо дастгирии молиявии ташкилоти олмонии Ҷамъияти Олмонии Ҳамкории Байналхалқӣ (GIZ) дар ноҳияи Деваштич амалисозии лоиҳаи «Беҳгардонии шароити зист тавассути мувофиқат кардан ба тағйироти иқлим дар Қирғизистон ва Тоҷикистон» — ро давом дода истодааст. Лоиҳа тақсимоти маҷмӯи маводҳоро барои картошкапарварӣ, ки аз нитроаммофоска ва карбамид 150 килограммӣ, қисматҳо барои моеи бордоӣ 1,5 килограммӣ, заҳрдоруи Энжио 200 мл ва 1литрӣ Агро витамини А9 барои 0,5 га картошка иборат буданд, ба назар гирифта буд. Барои интихоби гирандагони маҷмӯи маводҳо меъёрҳо тартиб дода шуда буданд, ки ҳангоми вохӯриҳои гурӯҳи ва инфиродӣ бо онҳо шарҳ дода шуданд.

 Дар натиҷаи корҳои фаҳмондадиҳӣ дар ҷамоатҳои асосии картошкапарварии ноҳия (ҷ. И Сомони ва Ваҳдат) 70 гирандагон интихоб шуданд, ки бо онҳо дар айни вақт шартномаҳо баста шуданд. Мутобиқи нақшаи амалисозии лоиҳа барои расонидани кӯмаки методӣ ва амалии истифодабарии маҷмӯи маводҳо, инчунин масъалаҳои агротехникаи парвариши картошка барои картошкапарварон тренингҳо ташкил карда шуданд, ки дар онҳо картошкапарварони хоҳишманд, намояндагони ҳукумати ноҳия ва ҷамоатҳо ширкат варзиданд. Барои гурӯҳҳои мақсаднок, инчунин барои дигар фермерҳо аз ҷониби мутахассисони лоиҳа дар маҳалҳо ҳангоми вохӯриҳо, дар тренингҳои мегузашта, рӯзҳои саҳроӣ, тавассути телефон оид ба масъалаҳои картошкапарварӣ, ғаллакорӣ, сабзавотпарварӣ ва боғдорӣ мунтазам маслиҳатдиҳӣ ба ҷо оварда шуда истодаанд. Бо мақсади мубодилаи таҷриба ба картошказори гурӯҳҳои мақсадноки лоиҳа ҳамкорон аз Қирғизистон ташриф оварданд ва бо онҳо сӯҳбат ороста, аз рафти амалисозии лоиҳа хушнудӣ изҳор намуданд. Барои дастгирии соҳибхоназанон ба 207 занҳои панҷ ҷамоати ноҳия (онҳо дар асоси меъёрҳои тартибдода интихоб шуданд) маводҳои кӯчат ва кишти зироати сабзавотӣ якҷоя бо нуриҳои минералӣ тақсим карда шуданд. Тақсимоти маводҳои зикрёфта бо расонидани хизматрасонии машваратии гурӯҳӣ ва тақсими маводҳои иттилоотии агротехникаи парвариши растаниҳои сабзавотӣ гузаронида карда шуд. Ҳамин фаъолият ба соҳибхоназанҳо мусоидат мекунад, ки малакаи парвариши растаниҳои сабзавотиро хуб азхуд намоянд, хонаводаи худро аз сабзавот таъмин намоянд, боқимондаро фурӯшанд ва ба худ захираи тухмӣ созанд. Пас аз натиҷагирии мониторинги рафти амалигардонии лоиҳа аз ҷониби роҳбарияти GIZ сифати иҷрои корҳои ба сомон расонида баҳои хуб гирифт.

Permanent link to this article: http://jovid.tj/tj/%d0%b4%d0%b0%d1%81%d1%82%d0%b3%d0%b8%d1%80%d0%b8%d0%b8-%d0%ba%d0%b0%d1%80%d1%82%d0%be%d1%88%d0%ba%d0%b0%d0%bf%d0%b0%d1%80%d0%b2%d0%b0%d1%80%d0%be%d0%bd-%d0%b2%d0%b0-%d1%81%d0%be%d2%b3%d0%b8%d0%b1/