«

»

Июн 03

Print this Запись

ВАРАҚАИ — ИТИЛООТ

ВАРАҚАИ — ИТИЛООТ

Хуҷанд, 3 январи соли 2016

Аз январи 2016 сол сар карда Ташкилоти Ҷамъиятии Байналмилалии Хайриявии «Ҷовид» яке аз қисматҳои лоиҳаи «Беҳтар гардонидани сатҳи зиндагӣ бо воситаи мутобиқкунӣ ба ивазшавии иқлим дар Қирғизистон ва Тоҷикистон» — ба татбиқ шурӯъ намуд, ки онро Вазорати Федералии рушди иқтисод ва ҳамкории Олмон (BMZ) маблағгузорӣ мекунад ва аз тарафи Ҷамъияти олмонӣ оид ба ҳамкории байналмилали (GIZ) амали карда мешавад.

Лоиҳа дар ноҳияи Ғончӣ то охири декабри 2016 сол бо имконоти давомдиҳӣ дар солҳои 2017 ва 2018 татбиқ карда мешавад.

Бо ҷалби на камтар аз 70 фермерҳо дар рафти паҳнгардонии дониши кишоварзӣ  лоиҳа саҳми худро дар паст фаровардани сатҳи камбизоатӣ аз ҳисоби ҳамкорӣ намудан дар баланд бардоштани ҳосилнокии картошка дар назар дорад.

Қадами нахусти лоиҳа ташкили чорабиниҳои интихоби агрономҳо дар маҳалҳо ва омӯзиши онҳо мешавад. Қадамҳои минбаъдаи лоиҳа: интихоби 70 фермер (картошкапарварон), гузаронидани пурсиш байни онҳо, барпо намудани 5 Майдони Назоратӣ — Намоишӣ (минбаъд МНН), гузаронидани чорабиниҳои фаҳмондадиҳӣ миёни фермерҳо дар хусуси дастрас намудани маълумоти зарурӣ оид ба нуриҳои минералии маҷмӯӣ, ташкили чорабинӣ барои тақсими ин нуриҳо ба фермерҳои интихобнамуда (бастани шартнома, ҷамъ овардани 30% маблағ, тақсими нурӣ ва ғайра), омода сохтан ва паҳнкунии китобча оид ба истифодаи нурии минералии маҷмӯӣ (нитроаммофоска) ва заҳрдору зидди ҳашароти зараррасон (актара), тартиб додани ҷадвали ворид намудани нурӣ ва тақсим намудани он байни фермерҳои интихобшуда, назорати кишт ва пешниҳоди маслиҳат, ташкил ва гузаронидани 10 рӯзҳои саҳроӣ дар заминаи 5 МНН, ҷамъ овардани 70% — и маблағи нуриҳои минералии маҷмӯӣ ва заҳрдоруҳо, тартиб додани ҳисоботҳои тавсифӣ ва молиявӣ.

 

Барои гирифтани маълумоти иловагӣ, марҳамат, муроҷиат намоед ба:

Сарагрономи ТҶБХ «Ҷовид» Қодиров Эргаш

e-mail: ergash.qodirov@jovid.tj, Тел: (+992 92) 779-24-42 ё ин ки ба

Агрономи GIZ Негматов Нематҷон

e-mail: negmatdzhon.negmatov@giz.de, Тел: (+992 98) 769-00-28

Permanent link to this article: http://jovid.tj/tj/%d0%b2%d0%b0%d1%80%d0%b0%d2%9b%d0%b0%d0%b8-%d0%b8%d1%82%d0%b8%d0%bb%d0%be%d0%be%d1%82/