«

»

Окт 14

Print this Запись

Рӯзҳои саҳроӣ — фаъолияти исботкунанда.

basmanda_gizМувофиқан ба лоиҳаи «Беҳтар намудани сатҳи зиндагонӣ бо воситаи  мутобиқкунӣ ба тағйирёбии иқлим дар Қирғизистон ва Тоҷикистон» дар 5 майдончаҳои намоишӣ – назоратӣ, ки дар 2 ҷамоати асосии картошкапарварии (И. Сомонӣ ва Вахдат) ноҳияи Деваштич аз 16 то 26 сентябри соли ҷорӣ барои картошкапарварон 5 рӯзи саҳроӣ дар мавзӯи «Таҳлили 3 тарзи парвариши картошка» гузаронида шуд.

Дар ин чорабиниҳо роҳбарияти Ҳукумати маҳалли, намояндагони GIZ аз Ҷумҳуриҳои Қирғизистон ва Тоҷикистон, картошкапарварон, шахсони ҳавасманд ва кормандони ВАО – ҷамъ 170 нафар, аз он ҷумла 30 нафар занҳо иштирок намуданд.

Ба иштирокчиён натиҷаҳои 3 тарзи парвариши картошка (муқоисаи ҳосилнокӣ ва сифати ҳосил) пешниҳод карда шуд. Дар рафти рӯзҳои саҳроӣ иштироккунандагон самараи мусбии истифодаи нуриҳоро аз рӯи натиҷаҳои таҳлили хок, хусусиятҳои зироати картошка, истифодаи Нитроаммофоска ва навъи ояндадори картошкаи БИГ РОЗА, инчунин ҳимояи саривақтӣ ва маҷмӯи картошка аз касалию ҳашаротҳои зараррасонро, ки омили серҳосилию беҳтаршавии сифати он гардид, ба таври амалӣ диданд.

Маълумот оид ба ҳосилнокӣ, сифати ҳосил ва самаранокии иқтисодии 3 тарзи парвариши картошка ба тариқи маводҳои тақсимотӣ ба ширкаткунандагон пешниҳод карда шуд.

Аз ҷониби мутахассисон усули интихоб ва захира намудани картошкаи тухмӣ ба таври амалӣ тавсия гардида, аз онҳо хоҳиш карда шуд, ки маълумотҳои дар рӯзи саҳроӣ оид ба технологияи самараноки павариши картошка азхуд намудаашонро ба дигарон фаҳмонанд.

Рӯзи саҳроии дар деҳаи Басманда баргузоргардида тавассути телевизиони «САФИНА» санаи 23 сентябри соли ҷори намоиш дода шуд.

Permanent link to this article: http://jovid.tj/tj/%d1%80%d3%af%d0%b7%d2%b3%d0%be%d0%b8-%d1%81%d0%b0%d2%b3%d1%80%d0%be%d3%a3-%d1%84%d0%b0%d1%8a%d0%be%d0%bb%d0%b8%d1%8f%d1%82%d0%b8-%d0%b8%d1%81%d0%b1%d0%be%d1%82%d0%ba%d1%83%d0%bd%d0%b0%d0%bd%d0%b4/