«

»

Окт 14

Print this Запись

Рузҳои кушоди саҳроӣ дар китъаҳои намоишӣ.

helvatas_polevoi-denМувофиқи  лоиҳаи «Технологияҳои микрообёрӣ — обёрии қатравӣ» моҳҳои май-сентябри соли ҷорӣ дар минтақаҳои камоби ноҳияҳои Б. Ғафуров ва Истаравшан 6 адад қитъаҳои намоишӣ оид ба обёрии қатравии зироатҳои кишоварзӣ (себ, олу, олуча, шафтолу, настаран, лиму, бодиринг ва мехчагул) ташкил карда шуданд.

Дар қитъаҳои номбаршуда  6 рӯзи кушоди саҳроӣ оид ба мавзӯи «Обёрии зироатҳои кишоварзӣ бо усули қатравӣ» гузаронида шуда, деҳқонон, шахсони ҳавасманд, намояндагони ташкилотҳои байналхалқӣ, ҳукуматҳои маҳаллӣ, таъминкунандагон ва васлу насбкунандагони системаи обёрии қатравӣ (СОҚ) иштирокчиёни онҳо буданд. (ҷамъ 95 нафар, аз он 26 нафар занҳо).  Ба иштирокчиён маълумотҳои назариявӣ оид ба моҳият, афзалият, камбудӣ ва самаранокии мусбати иқтисодии обёрӣ қатравии зироатҳо ва боғот дода (инчунин варақаҳои иттилоотӣ доир ба обёрии қатравӣ дастрас гардиданд) шуданд.

Аз ҷониби таъминкунандагон  нархҳои СОҚ ва аз ҷониби васлкунандаҳо тарзи васлу насб, инчунин истифодабарии он пешкаши деҳқонону шахсони ҳавасманд гардиданд.

Иштирокчиён дар доираи мавзӯъ ба саволҳои худ аз тарафи мутахассисон ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.

Чорабиниҳои гузаронидашуда барои тадбиқи васеи обёрии қатравии зироатҳо мусоидат хоҳанд кард.

Permanent link to this article: http://jovid.tj/tj/%d1%80%d1%83%d0%b7%d2%b3%d0%be%d0%b8-%d0%ba%d1%83%d1%88%d0%be%d0%b4%d0%b8-%d1%81%d0%b0%d2%b3%d1%80%d0%be%d3%a3-%d0%b4%d0%b0%d1%80-%d0%ba%d0%b8%d1%82%d1%8a%d0%b0%d2%b3%d0%be%d0%b8-%d0%bd%d0%b0%d0%bc/