«

»

Апр 25

Print this Запись

ВАРАҚИ ИТТИЛООТ

Зерлоиҳаи давомоташ 10 моҳ, ки онро Ташкилоти Ҷамъиятии Байналмилалии Хайриявии «Ҷовид» роҳандозӣ мекунад, моҳи декабри соли 2016 оғоз шуд ва «Беҳгардонии иқтидори истеҳсолӣ, маркетингӣ ва тиҷоратии истеҳсолкунандагон ва коркардкунандагони маҳсулоти кишоварзӣ дар вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон» номгузорӣ шудааст.

Зерлоиҳаи мазкур дар доираи лоиҳаи «Баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардуми деҳоти нуҳ ноҳияи Ҷумҳурии Тоҷикитон», ки онро Барномаи Рушди Созмони Милали Муттаҳид амали мекунад ба ҷо оварда мешавад ва маблағгузори он Ҳукумати Федератсияи Русия мебошад.

Дар чаҳорчӯбаи лоиҳа дар атрофи 320 истеҳсолкунандагон ва коркардкунандагони маҳсулоти кишоварзӣ дар рафти беҳгардонии иқтидори истеҳсолот, маркетинг ва тиҷорат дар ноҳияи Исфара, Истаравшан, Айнӣ ва Панҷакенти вилояти Суғд ҷалб карда мешаванд.

Асоси зерлоиҳа барпо намудани робитаи зич байни истеҳсолкунандагон ва коркардкунандагони маҳсулоти кишоварзӣ мебошад, ки дар анҷоми ниҳоӣ ба тарафайн майл ба бозор кардан, баланд бардоштани самаранокии фаъолият ва зиёд кардани фурӯш чӣ дар дохили кишвар ва чӣ берун аз ҳудуди он имконият фароҳам меоварад.

Қадами нахустини зерлоиҳа ташкили чорабиниҳои шиносоии кормандони мақомоти ҳукумати маҳали ноҳияҳои мақсаднок вобаста ба мақсад ва вазифаҳои зерлоиҳа ва пуштибонӣ аз ҷониби онҳо мебошад.

 

Натиҷаҳои интизорӣ аз зерлоиҳа:

  • дар гирди 200 фермер (аз он ҷумла 30% занҳо) дониши худро вобаста ба технологияи навини пешбурди кишоварзӣ ва самаранокии истифодаи захираҳои об тавассути машварат баланд бардоштанд;
  • дар атрофи 10 корхонаи коркард иқтидори савдои худро ҳангоми иштирок дар тренингҳои мавзӯӣ ва чорабиниҳои мубодилаи таҷриба баланд бардоштанд;
  • 4 қитъаи намоишӣ бо истифода аз технологияи муосири истеҳсоли кишоварзӣ ва низоми обёрии қатравӣ барпо карда мешавад;
  • барои беш аз 120 истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзӣ дониши назариявӣ ва малакаи амалии истифодаи технологияи муосири обёрии қатравӣ, баланд бардоштани ҳосил ва беҳгардонии сифати маҳсулот пешниҳод мегарданд;
  • байни ҳамаи манфиатбинон низоми мубодилаи иттилоот оид ба маҳсулоти истеҳсолмешуда ва коркарди он ба танзим дароварда шудааст;
  • 1 навор, роҳнамо, дастурамал ва маводҳои омӯзиш оид ба боғдорӣ, шинондани низоми обёрии қатравӣ, технологияи коркард ва ҷорӣ намудани нақшаи рушд омода шуда, паҳн гардонида мешавад;
  • на камтар аз 10 истеҳсолкунандагон ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, аз он ҷумла хоҷагиҳои деҳқонӣ, соҳибкорони хурду миёна, кооперативҳо ва ғайра устувории ташкилии худро бо роҳи тартиб додан ва ворид намудани нақшаи рушд баланд бардоштанд.
  • на камтар аз 2 тадқиқот дар намунаҳои амиқ тартиб дода шудаанд ва аз рӯи натиҷаи фаъолияти гузаронидашуда бо тасвири таъсиррасонӣ пешниҳод гардонида шудаанд.

 

Шахси робитачӣ:

Барои гирифтани иттилооти иловагӣ метавонед ба ҳамоҳангсози лоиҳаҳои ТҶБХ «Ҷовид» Ҳусейн Тошматов муроҷиат намоед: husein.toshmatov@jovid.tj,

Teлефон: (+99292) 770-12-42

Permanent link to this article: http://jovid.tj/tj/%d0%b2%d0%b0%d1%80%d0%b0%d2%9b%d0%b8-%d0%b8%d1%82%d1%82%d0%b8%d0%bb%d0%be%d0%be%d1%82/