«

»

Июн 03

Print this Запись

Таҷриба – омили пешравӣ

Дар асоси нақшаи лоиҳаи “Беҳтар гардонидани сатҳи зиндагӣ бо воситаи мутобиқкунӣ ба ивазшавии иқлим дар Қирғизистон ва Тоҷикистон” дар се ҷамоати (Муҷун, И.Сомонӣ ва Ваҳдат) ноҳияи Деваштич 5 қитъаи замин барои ташкили Майдончаҳои Намоишӣ Назоратӣ интихоб гардиданд.

Ин фаъолият бо мақсади муайян кардани самаранокии нурии минералии комплексии Нитроаммофоска ва маводи зидди ҳашаротҳои зараррасони зироатҳо – Актара дар парвариши картошка ташкил карда шуд.

Ин майдончаҳо аз рӯи талаботҳои зерин интихоб гардиданд:

  1. Хоҳиши соҳиби қитъаи замин барои ҳамкорӣ бо лоиҳа оиди таҷрибагузаронӣ дар парвариши картошка.
  2. Таҷрибаи корӣ доштани соҳиби замин дар зироаткорӣ, алалхусус дар Картошкакорӣ.
  3. Дар ҷои барои деҳқонони маҳал дастрас ҷойгир будани замин.
  4. Барои картошкапарварӣ мувофиқ будани замин (бо оби полезӣ таъмин, пешкишташ ва хокаш барои картошкакорӣ муносиб).

 

Дар ин Майдончаҳои Намоишӣ — Назоратӣ нурии Нитроаммофоска ҳангоми кишт ва дар марҳилаи коркарди якуми байни қаторҳо мувофиқан  300 – 350 ва 250 – 300 кг/га кор фармуда мешавад.

Заҳрдоруи актара бошад, бар зидди симкирм (ҳангоми кишт 400 – 600 гр/га) ва гамбӯсаки колородӣ (дар давраи нашъунамо ҳангоми паҳн шудани ҳашарот ба 10% буттаҳо ва дар ҳар як бутта мавҷуд будани то 20 насли майдаи гамбӯсак бо меъёри 60 гр/га) истифода карда мешавад.

Ба соҳибони Майдончаҳои Намоишӣ — Назоратӣ оиди масъалаҳои картошкапарварӣ ва марҳилаҳои истифодаи нитроаммофоска аз ҷониби мутахассисони лоиҳаи мазкур маслиҳатҳои муфид ҳангоми вохӯриҳои гурӯҳи ва индивидуалӣ дода мешавад, ба ғайр аз ин дар вақтҳои зурури маслиҳатҳо ба тариқи телефон ҳам дода мешавад ва барои онҳо варақаҳои иттилоотӣ омода ва тақсим карда мешавад. Дар давраи нашъунамои картошка дар МНН барои деҳқонон ва шахсони ҳавасманд рӯзҳои саҳрои гузаронида шуда, самаранокии истифодаи Нитроаммофоска ва Актара бевосита пешниҳод мегадарад.

 Тухмии картошкаи Биг Роза ва нурии нитроаммофоска ва захрдоруи Актара аз ҷониби лоиҳа барои МНН  дастрас карда мешаванд. Барои ҳамаи МНН дафтари қайди мушоҳидаҳои фенологӣ ва чорабиниҳои агротехники ташкил карда мешаванд.

 

Усулҳои таҷриба:

  1. Дар майдони масоҳаташ 0,1 га картошка (навъи барои деҳқон дастрас) бо усули анъанавӣ парвариш карда мешавад. Нури фосфорӣ — аммофос 250 -300 кг/га ҳангоми кишт, нурии азотӣ 400 — 500 кг/га дар давраи нашъунамо.
  2. Мӯҳлат, майдон ва тарзи кишт монанди усули 1, фақат ба ҷои аммофос Нитроаммофоска бо меъёри 60 кг инчунин заҳрдоруи Актара 60 гр. ҳангоми кишт ва 6-гр дар давраи нашъунамо.
  3. Бо мақсади беҳтар намудани фонди тухмии деҳқонон ва муайян кардани самараи дақиқи маводҳои лоиҳа (Нитроаммофоска ва Актара) дар майдони 0,10 га картошкаи навъи Биг Роза кишт карда мешавад. Технологияи парвариш ба варианти 2 монанд аст.

Обёри  ва истифодаи  маводҳои  мубориза зидди ҳашаротҳои зараррасон ва касалиҳо аз рӯи зарурат гузаронида мешаванд.

Permanent link to this article: http://jovid.tj/tj/%d1%82%d0%b0%d2%b7%d1%80%d0%b8%d0%b1%d0%b0-%d0%be%d0%bc%d0%b8%d0%bb%d0%b8-%d0%bf%d0%b5%d1%88%d1%80%d0%b0%d0%b2%d3%a3/