«

»

Июн 03

Print this Запись

Ҳамкорӣ бо мақсади ҷорӣ кардани навоварӣ

Ташкилоти Ҷамъиятии Байналмилалии Хайриявии «Ҷовид» бо кӯмаки Ҷамъияти олмонӣ оид ба ҳамкории байналмилали (GIZ) ба 70 нафар деҳқонони картошкапарвари ҷамоатҳои Исмоили Сомонӣ ва Ваҳдати ноҳияи Деваштич 20 тонна нурии минералии комплексии Нитроаммофоска ва заҳрдоруии зидди ҳашаротҳои зараррасон – Актараро датрас намуд. Мақсади асосии ин фаъолият ба кори деҳқонони маҳал ворид намудани навоварӣ тариқи истифодаи нитроаммофоска. Фаъолияти мазкур дар доираи лоиҳаи «Беҳтар гардонидани сатҳи зиндагӣ бо воситаи мутобиқкунӣ ба ивазшавии иқлим дар Қирғизистон ва Тоҷикистон», ки аз тарафи Вазорати Федералии рушди иқтисод ва ҳамкории Олмон (BMZ) маблағгузорӣ шудааст, ба роҳ монда шудааст.

Деҳқонон барои гирифтани Нитроаммофоска ва Актара аз рӯи нишондиҳандаҳои (меъёрҳои) зерин интихоб  гардиданд:

  1. Сокини ҷамоатҳои интихобгардида будан ё дар ин ҷамоатҳо хоҷагии деҳқони ё замини иҷоравӣ доштан.
  2. Доштани таҷрибаи кофи дар зироаткори, хусусан дар картошкапарварӣ.
  3. Хоҳиши ҳамкорӣ намудан бо лоиҳа оиди ҷори кардани навоварӣ дар парвариши картошка.

       Пешаки ба ин деҳқонон варақаҳои иттилоотӣ, маслиҳатҳои инфиродӣ ва гурӯҳи инчунин тариқи телефон тавсияҳо оиди истифода намудани ин маводҳо (нитроаммофоска ва актара) дода  шуд. Зироати картошка аз ҳамаи ҷузъҳои ғизои ба элементи Калий бисёр эҳтиёҷ дорад. Аз ин лиҳоз бинобар дар таркиби Нитроаммофоска мавҷуд будани се ҷузъи асосии ғизои (NPK) ин нури ба Картошкапарварон тавсия ва тақсим карда шуд. Актара бошад бар зидди маҷмӯи зиёди ҳашаротҳои зараррасони картошка (симкирм, гамбӯсаки колороди), себу нок (ширинчаҳо, зиреҳак, кана) ва ғайра истифода бурда мешавад. Дар ҷамоатҳои интихобгардида картошка, гандум ва себ зироатҳои ба шароити хоку иқлими маҳал мувофиқ буда васеъ парвариш карда мешаванд.

Бо максади амали  намудани корҳои дар боло номбаршуда Ташкилоти Ҷамъиятии Байналмилалии Хайриявии «Ҷовид» дар ҷамоатҳои мақсаднок (И.Сомонӣ ва Ваҳдат) 2 нафар агрономҳои саҳроиро ба кор ҷалб намуд.

Permanent link to this article: http://jovid.tj/tj/%d2%b3%d0%b0%d0%bc%d0%ba%d0%be%d1%80%d3%a3-%d0%b1%d0%be-%d0%bc%d0%b0%d2%9b%d1%81%d0%b0%d0%b4%d0%b8-%d2%b7%d0%be%d1%80%d3%a3-%d0%ba%d0%b0%d1%80%d0%b4%d0%b0%d0%bd%d0%b8-%d0%bd%d0%b0%d0%b2%d0%be%d0%b2/