«

»

Янв 03

Print this Запись

Барқарорсозӣ ва парвариши рустаниҳои шифобахш

dpsh Ҳанӯз  дар асрҳои 6-7 пеш аз милод зиёда аз 100 навъи рустаниҳои шифобахш маълум буданд, маълумот оид ба онҳо дар китоби «Авасто» оварда шудааст. Ибни Синои бузарг  барои табобати беморон  беш аз 400 хелҳои гиёҳҳҳои шифобахшро истифода мебурд.

Аз рӯи маълумоти олимон дар ҳудуди Тоҷикистон  беш аз 1 700 номгӯи гиёҳҳои табобатӣ мерӯянд. Қисми Шимоли силсилакӯҳҳои Туркистон (ноҳияҳои кӯҳии вилояти Суғд) ва кӯҳҳои Помир сарчашмаи бойтарини набототи дорувории  Тоҷикистон мебошанд.  Дар  Тоҷикистон имконияти ҳар сол тайёр намудани  қариб  40 000 тонна ашёи хоми растании доруворӣ мавҷуд аст.

dpsh2Якчанд сафарҳо ва экспедисияи татқиқотӣ дар қисмати ҷанубу шарқи Тоҷтикистон (ноҳияҳои ВАКБ)  барои санҷиш ва шиносоӣ бо захираҳои рустаниҳои шифобахш, зироатҳои мевадиҳанда, бо навъҳо ва шаклҳои  арзандаи онҳо гузаронида шуданд.

Сафарҳо ба Қуқанди Тошканд (Узбекистон)  барои шиносоӣ бо таҷрибаи растаниҳои шифобахш (донишкадаи Шредер, боғи ботаникӣ, маркази боғпарварии ороишӣ ва хоҷагӣ, Иттиҳодияи Истеҳсолии «Шифобахш», Муассисаи шахсии «Меҳргиёҳ») ба амл бароварда шуданд.

Натиҷаи ин сафарҳо: барпо намудани ниҳолистон (деҳаи Ругунди ноҳияи Истаравшан), 2 майдони намоишӣ (деҳаи Чашмасори ноҳияи Шаҳристон ва деҳаи Қалъаи Ҳоҷии ноҳияи Ғончӣ), гармхона ( ш. Чкалов) ва дар заминаи онҳо парвариши як қатор рустаниҳои доругӣ.

Permanent link to this article: http://jovid.tj/tj/%d0%b1%d0%b0%d1%80%d2%9b%d0%b0%d1%80%d0%be%d1%80%d1%81%d0%be%d0%b7%d3%a3-%d0%b2%d0%b0-%d0%bf%d0%b0%d1%80%d0%b2%d0%b0%d1%80%d0%b8%d1%88%d0%b8-%d1%80%d1%83%d1%81%d1%82%d0%b0%d0%bd%d0%b8%d2%b3%d0%be/