«

Июн 15

Print this Запись

ВАРАҚАИ ИТТИЛООТӢ

Душанбе, 15 майи соли 2020

Дар соли равон бо маблағгузории «Бунёди барномаи минтақавии ҳамгироии Покистон, Афғонистон ва Тоҷикистон (PATRIP)» барои мусоидат ва густариши ҳамкориҳои байнисарҳадӣ рушд ва бахусус тавассути чораҳои кӯтоҳмуддат ва миёнамӯҳлат, ки ба мӯътадилсозии кишварҳои ҳамсарҳад дар рафъи бӯҳрон мусоидат мекунад, мутаносибан ҳолатҳои гузариш ва оқибатҳои бӯҳронро коҳиш медиҳад, иҷрои лоиҳаи «Сохтори самарабахши обёрӣ дар минтақаи наздисарҳади Ишкошим» — ро, ки ба нақша гирифта шуда буд, амалкунии онро оғоз намуд. Ин лоиҳа дар 2 давлат, Ҷумҳурии Тоҷикистон (ноҳияи Ишкошим) ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон (улусволиҳои Вахон ва Ишкошим), амалӣ мешавад. Амаликунандаи лоиҳа дар ҳарду давлат Welthungerhilfe (маъмулан бо Агро Аксияи Олмон) мебошад. Дар чорчӯбаи он барои иҷрои лоиҳа дар самти Тоҷикистон Welthungerhilfe шарики худро Ташкилоти Ҷамъиятии Байналмилалии Хайриявии «Ҷовид», ҳамчун иҷрокунанда интихоб намудааст. Лоиҳа бо давомнокии 20 моҳ аз моҳи майи соли 2020 шурӯъ шудаст.

Мақсади асосии лоиҳа: «Дар 35 рустоҳои ҳар ду тарафи сарҳади Ишкошим зерсохтори обёрӣ барқарор ва васеъ карда мешавад, ки ба ҳазорон хоҷагии деҳқонӣ ва  инфиродӣ барои мусоидат ба ҳосилнокии маҳсулоти кишоварзӣ, амнияти озуқаворӣ ва даромади хоҷагиҳоро афзоиш медиҳад».

Дар чорчӯбаи лоиҳа чунин фаъолиятҳо амалӣ мегарданд:

  1. Гузаронидани тадқиқоти экологӣ ва ичтимоӣ барои барқарорсозии каналҳои мавҷудбуда ва нав сохташаванда.
  2. Ташкили конфронс дар сатҳи ноҳия, вобаста ба ҳадафҳо ва вазифаҳои лоиҳа, яъне муаррифӣ кардани лоиҳа ба ҳамаи қишрҳои ҷомеаи ноҳия.
  3. Якҷоя бо намояндагони Ҳокимияти маҳаллӣ интихоби 15 канал барои барқарорсозӣ ва 1 канал барои азнавсозӣ;
  4. Вохӯриҳо бо аҳолии деҳаҳое, ки аз ин каналҳо баҳраманд мешаванд;
  5. Ҷалби ҷомеъа ба ҳамкорӣ ва сохтмони дастаҷамъонаи каналҳои барқароршаванда ва нав;
  6. Эълони озмунҳои харид ва интиқоли маводҳои сохтмонӣ барои барқарорсозӣ ва азнавсозии каналҳо;
  1. Ташкил ва гузаронидани омӯзишҳо барои кормандон ва аҳолӣ оиди ба риояи қоидаҳои бехатарӣ ҳангоми сохтмон ва барқарорсозии каналҳо.
  2. Ҷорӣ намудани техналогиҳои инноватсионии обёрӣ (масалан: обёрии қатравӣ дар боғот).
  3. Ташкили мубодилаи таҷриба бо намояндагони ҷомеа, гурӯҳҳои мақсадноки лоиҳа байни Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон.
  4. Омӯзиши кормандон, масъулинӣ ҷомеа барои нигоҳубини низоми обёрии каналҳои барқароршуда ва аз нав сохташуда пас аз анҷоми лоиҳа.
  5. Интихоби хонаводаҳои ҳавасманд якҷоя бо мақомоти маҳалл, кӯмак барои соҳиб шудан бо шаҳодатномаҳои ҳуқуқи истифодаи замин аз ҳисоби каналҳои обёришавандаи ҳамин лоиҳа.
  6. Таҳияи нақшаҳои идоракунии ҳуқуқи истифодабарандагон, нигоҳдорӣ ва устувории низоми обёрӣ.
  7. Мусоидат барои нигаҳдорӣ ва мониторинги иҷрои нақшаҳои таҳияшудаи лоиҳа.
  8. Ташкили вохӯрии ниҳоӣ бо намояндагони тамоми қишрҳои ҷомеа оид ба дастовардҳо ва камбудиҳои ҷойдошта дар рафти амалишаваии лоиҳа.

 

Тавассути барқарорсозӣ ва сохтмони зерсохтори обёрӣ ба иқтисодиёт (даромад), иҷтимоӣ (дастраси ба заминҳои кишоварзӣ барои мардуми осебпазир) ва вазъи саломатии ҷомеъа (амнияти озуқаворӣ) таъсири мусбат мерасонад. Ҳамаи ин фаолиятҳо суботро дар ҷомеа ва рустоҳои мақсадноки наздисарҳадӣ тақвият медиҳанд

Барои гирифтани маълумоти иловагӣ ва бештар ба Рамазон Нурмамадов, Ҳамоҳангсозӣ лоиҳа муроҷиат намоед: телефон барои тамос: (+9923451) 5-02-67, ramazon.nurmamadov@jovid.tj

Permanent link to this article: http://jovid.tj/tj/%d0%b2%d0%b0%d1%80%d0%b0%d2%9b%d0%b0%d0%b8-%d0%b8%d1%82%d1%82%d0%b8%d0%bb%d0%be%d0%be%d1%82%d3%a3-2/