«

»

Сен 12

Print this Запись

БА БЕХАТАРИИ МЕХНАТ — РИОЯ МЕКУНЕМ

Муҳандисии бехатарӣ фаъолияти пешгирии садамаҳо, арзёбӣ ва кам кардани хатарҳои марбут ба хатогии инсон мебошад.

Пеш аз оғози корҳои сохтмонӣ дар ҳар як канал дар майдончаи сохтмонӣ дастури дудараҷаи бехатарӣ, аз ҷумла: дастури муқаддимавӣ ва ибтидоӣ гузаронида мешавад.

Дастури муқаддимавӣ ва ибтидоӣ бо сохтмончиёни касбӣ ва коргарони ҷалбшуда (аҳоли) аз ҷониби муҳандисони бехатарии меҳнат гузаронида мешавад. Дастур ҳам алоҳида ва ҳам бо гуруҳи коргарон гузаронда мешавад.

Мақсади дастури муқаддимавӣ аз он иборат аст, ки сохтмончиён ва коргарон бо донишҳои умумии бехатарӣ ва санитарӣ шинос шаванд.

Дар рафти дастури муқаддимавӣ масъалаҳои зерин баррасӣ шуданд:

  • муқаррароти асосии қонунгузории меҳнат ва бехатарӣ;
  • қоидаҳои дохилӣ, рафтор дар майдончаи сохтмонӣ;
  • хусусиятҳои бахшҳои алоҳидаи ташкилот ва баҳодиҳии шароити меҳнат дар онҳо;
  • садамаҳои хосе, ки дар сурати риоя нашудани техникаи бехатарӣ рух дода метавонанд;
  • талаботи либос;
  • тартиби истифодаи таҷҳизоти муҳофизати инфиродӣ;
  • коидаҳои бехатарии барқ ҳангоми корҳои сохтмонӣ;
  • усулҳои ёрии аввал.

Дастури ибтидоӣ дар ҷои кор низ аз ҷониби муҳандисон гузаронида мешаванд. Барномаи дастури ибтидоӣ одатан вазифаҳои зеринро дар бар мегиранд:

  • шиносоӣ бо сохтори механизмҳои сохтмонӣ;
  • тартиби ба кор омода намудан ва санҷиши қобилияти коршоямии таҷҳизот, асбобу анҷомҳо пеш аз оғози корҳои сохтмонӣ;
  • мавҷудият ва усулҳои истифодаи асбобҳои бехатарӣ;
  • талабот оид ба риояи тартибот дар ҷои кор;
  • шиносоӣ бо чораҳои бехатарӣ ҳангоми корҳо ва равандҳои сохтмонӣ.

Дастури ибтидоӣ бо мақсади санҷиш ва баланд бардоштани сатҳи дониши қоидаҳо ва дастурҳо оид ба ҳифзи меҳнат дар алоҳидагӣ ё бо як гурӯҳи коргарон дар ҷои кор гузаронида мешавад. Гузашта аз ин, барои ҳамаи кормандон, сарфи назар аз тахассус, маълумот ва таҷрибаи корӣ, дастури аввалияи бехатарӣ гузаронида шудааст.4. IMG_2280

Permanent link to this article: http://jovid.tj/tj/%d0%b1%d0%b0-%d0%b1%d0%b5%d1%85%d0%b0%d1%82%d0%b0%d1%80%d0%b8%d0%b8-%d0%bc%d0%b5%d1%85%d0%bd%d0%b0%d1%82-%d1%80%d0%b8%d0%be%d1%8f-%d0%bc%d0%b5%d0%ba%d1%83%d0%bd%d0%b5%d0%bc/