«

»

Авг 14

Print this Запись

Тренинг

Дар доираи зер-лоиҳаи: «Баланд бардоштани иқтидори ҷавонони деҳот дар соҳаи кишоварзииD 3 инноватсионӣ, технологияҳои сабз, агробизнес ва дигар фаъолиятҳои даромадовар бо потенсиали баланд барои таъсиси ҷойҳои корӣ«, ки аз ҷониби Барномаҳои Рушди Созмони Милали Муттаҳид дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағгузорӣ шудааст барои ҷавонони 3 ҷамоати (Яхтан, Муҷун ва И.Сомони) ноҳияи Деваштич аз ҷониби амаликунандаи зер-лоиҳа Ташкилоти Ҷамъиятии Байналмилалии Хайриявии “Ҷовид” 9 тренинг дар мавзӯъҳои:

  • Идоракунии молиявӣ;
  • Намудҳои гармхонаҳо ва асосҳои парвариши баъзе зироатҳои кишоварзӣ дар он. Компост ва истифодаи он;
  • Асосҳои банақшагирии тиҷорат

гузаронида шуд.

Ҳадафи тренингҳо: баланд бардоштани сатҳи дониши ҷавонон дар бораи бахшҳои инноватсионии кишоварзӣ мебошад.

Дар тренингҳо 160 нафар, аз ҷумла 81 нафар духтарон (50,6%) иштирок карданд. Мутахассисони зер-лоиҳа 13 намуди мавоҳои тақсимотиро таҳия кардаанд. Ҳамаи маводҳои тақсимоти бо забони содда ва дастрас барои ҷавонон бо назардошти хоҳишҳои онҳо дар бораи мундариҷа ва истифода навишта шудаанд. Дар 9 тренинг зиёда аз 734 маводҳои тақсимоти тақсим карда шуд. Маводҳои тақсимоти як ҷузъи ҷудонашавандаи омӯзиш буда, барои самаранокии он хеле муҳиманд. Маводҳои тақсимоти нуқтаҳои асосии омӯзишҳоро нишон медиҳанд ва ба иштирокчиён кӯмак мекунанд, ки нуқтаҳои асосии тренингҳоро пас аз хатми омӯзиш ба ёд биёранд.

D 2Тренингҳо бо истифода аз усулҳои интерактивии таълим гузаронида шуданд. Дар тренигҳо принсипҳои зерин истифода мешуданд: аз содда ба мураккаб, аз муносибати умумӣ ба мисолҳои мушаххаси амалӣ. Тренингҳо ба ду қисм: назариявӣ ва амалӣ тақсим карда шуданд. Қисми амалии омӯзиш ба иштирокчиён кӯмак мекунад, ки таҷриба гиранд, малакаи худро дар соҳаи обёрии қатравӣ, таҳияи бизнес-нақшаҳо, истифодаи самараноки замин ва ғайра баланд бардоранд.

Барои дастрасӣ ба мазмун ва мундариҷаи тренингҳо ҳангоми омӯзишҳо бозиҳои амалӣ, намунаҳои мушаххас аз таҷрибаи ҷавонон ташкил карда шуданд. Пеш аз оғози тренингҳо нақшаҳои махсус тартиб дода шуданд. Ҳамаи тренингҳо тибқи барнома ва ҷадвали таҳияшуда гузаронида шуданд.

Ҳангоми банақшагирии омӯзишҳо чунин хусусиятҳои истеҳсолоти кишоварзӣ ба монанди мавсим, мӯҳлати парвариши зироатҳо, мавсими обёрӣ ва ғайра ба назар гирифта шуданд.

Ҳама чорабиниҳои таълимӣ тибқи тавсияҳои тасдиқшудаи Созмони Умумиҷаҳонии Тандурусти ва Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла: истифодаи ниқобҳои муҳофизатӣ, истифодаи маводҳои безарагардонанда гузаронида шуданд. Ҳамаи тренингҳо бо риояи масофаи иҷтимоӣ бо мақсади пешгирии паҳншавии касалии коронавирус гузаронида шуданд. Ташкили гӯшаи маводҳои безарагардонанда қисми ҳатмии ҳар як омӯзишҳои зер-лоиҳа шуда буд. Илова бар ин, ҳангоми тренингҳо маконҳои омӯзиши аз дигар одамон комилан ҷудо када шуда буд. Пеш аз оғози тренингҳо ҳарорати ҳар як иштирокчӣ ва ҳамаи кормандони ҷалбшуда чен карда мешуд (ва ин амал ҳар 4 соат такрор карда мешуд). Иштирокчиёни омӯзиш ҳар 2 соат ниқобҳои муҳофизатии худро иваз мекарданд.D 1

Permanent link to this article: http://jovid.tj/tj/2249-2/