«

»

Сен 17

Print this Запись

Дастгирии идеяҳои беҳтарин тиҷоратӣ байни ҷавонон

Марҳилаи навбатии зер-лоиҳа, пас аз силсилаи омӯзишҳо барои баланд бардоштани дониш ва малакаи ҷавонон дар ҷодаи кишоварзии инноватсионӣ, ҷалби ҷавонон ба ташкили фаъолиятҳои даромадоваранда буд. Барои гирифтани гранти хурд ҳар як ҷавоне, ки дар омӯзишҳо ширкат варзиданд бояд Ариза пур кунанд. Ҳадафи аслии грантҳои хурд дастгирӣ намудани ғояҳои беҳтарини тиҷорат ва баланд бардоштани имкониятҳои худмаблағгузорӣ барои ҷавонон дар ҷамоатҳои мақсаднок мебошад. Пас аз омӯзишҳо ба иштирокчиён Аризаҳо барои гранти хурд ва инчунин лифофаи А4 супорида шуд. Пеш аз оғози навиштан кормандони зер-лоиҳа бо баҳрагирандагон оид ба ҳар як банди Ариза машварат карданд. Аз 20 то 30 июн ба бенефитсиарҳо барои омӯзиш ва пур кардани дархостҳои грантӣ вақт дода шуда буд. Аризаҳои пуркардашуда ба ёрдамчиёни зер-лоиҳа супорида шуданд, ки худи бенефитсиарҳо дар ҳар як ҷамоати мақсаднок онҳоро муайян карда буданд. Дар маҷмӯъ, кормандони зер-лоиҳа барои гирифтани гранти хурд 26 дархост қабул карданд. Аз шумораи умумии дархостҳои пешниҳодшуда 9 нафарро духтарони деҳот (35%) ташикл карданд.

Барои гирифтани гранти хурд, довталаб бояд ба критерияҳои зерин ҷавобгӯ бошад:

  • Довталаб бояд аз минтақаи лоиҳа бошад;
  • Синну соли довталаб бояд аз 15-35 сола бошад;
  • Идеяи инфиродӣ ё гурӯҳӣ;
  • Афзалият ба духтарон дода мешавад;
  • Афзалият ба ҷавононе дода мешавад, ки дар ҳама омӯзишҳое, ки дар доираи зер-лоиҳа ташкил карда шудаанд, ширкат варзида бошанд;
  • Зер-лоиҳа чунин намудҳои тиҷоратро дастгирӣ мекунад: истеҳсол, коркард, хизматрасонӣ ва савдо;
  • Ҷавононе, ки қодиранд ҳадди ақал 10% саҳми пулӣ ё натуралӣ аз буҷети умумии тиҷорати ташкилмекарда ҳамроҳ намоянд.

Барои интихоби идеяҳои беҳтарини гранти хурд, кумитаи интихоб иборат аз 7 нафар ташкил карда шуд. Идеяҳо барои гирифтани гранти хурд дар асоси озмун, ки аз 3 марҳила иборат буд, гузаронида шуд:

  1. Пешниҳоди шакли пурраи дархост барои гирифтани гранти хурд
  2. Интихоби идеяҳои беҳтарини тиҷорӣ (ҷавобгӯи ҳамаи меъёрҳои мутобиқат)
  3. Раванди дастгири ва назорат

Дар маҷмӯъ, пас аз интихоби 3 марҳила 9 идеяи беҳтарини тиҷорат интихоб карда шуданд. 5 аз 9 дархости интихобшуда барои дастгирии ниҳоии ғояҳои бизнес духтарон мебошанд, ки тақрибан 55,5% -ро ташкил медиҳанд.

Идеяҳои беҳтарини дастригиёфта инҳоянд:

Ном ва насаби баҳрагирандагон Самти фаъолият Суроға
1 Норчигитов Самандар Парвариши маҳсулот дар гармхона бо тарзи обёрии қатравӣ ва ташкили ямаи компостӣ Деваштич, ҷамоат Яхтан, деҳаи Х.Мухлон
2 Хикматуллоев Фазлиддин Шустушӯи нақлиёт Деваштич, ҷамоат Яхтан, деҳаи Х.Мухлон
3 Сангинова Заррина Қаннод Деваштич, ҷамоат Яхтан, деҳаи Яхтан
4 Норбоев Сардор Парвариши маҳсулот дар гармхона бо тарзи обёрии қатравӣ ва ташкили ямаи компостӣ Деваштич, ҷамоат Муҷун, деҳаи Истиқлол
5 Эшназарова Севара Дӯзандагӣ Деваштич, ҷамоат Муҷун, деҳаи Хазорчашма
6 Бобоева Гулсара Хушк кардани меваю сабзавот бо тарзи офтоби (гелиосушка) Деваштич, ҷамоат Муҷун, деҳаи Муҷун
7 Хидирназарова Сухсиой Хушк кардани меваю сабзавот бо тарзи офтоби (гелиосушка) Деваштич, ҷамоат Муҷун, деҳаи Муҷун
8 Чураева Мастура Парвариши маҳсулот дар гармхона бо тарзи обёрии қатравӣ ва ташкили ямаи компостӣ Деваштич, ҷамоат И. Сомони, деҳаи Дархон
9 Садиров Диловар Коркарди байниқатори картошка ва дарахтон бо тарзи механики (мотоблок) Деваштич, ҷамоат И. Сомони, деҳаи Дархон

Андозаи минималии идеяи дастгириёфта баробар аст ба 7440 сомонӣ (тақрибан 657 доллар CША) ва максимали бошад баробар ба 17040 сомонӣ (1505 доллар CША) мебошад.

Мувофиқи механизми тақсимоти грантҳо ба баҳрагирандагони интихобшуда таҷҳизот ва маводҳои дархостшуда харидорӣ ва дастрас карда шуд. Ба ғайр аз ин аз тарафи кормандони зерлоиҳа барои насби таҷҳизотҳо кӯмакҳои амали расонида шуд. Баҳрагирандагон низ саҳми худро барои татбиқи идеяҳои тиҷории худ гузоштанд (ҳам дар шакли мавод ва асбобҳои иловагӣ ва ҳам дар шакли меҳнат). Ҳамаи 9 идеяҳои интихобшуда ва татбиқшуда инфиродӣ мебошанд, ки ба ҷавонон имкон медиҳанд, ки мустақилона кор ва фаолият кунанд.

Дастгирии идеяҳои беҳтарини ҷавонон ба беҳтар намудани вазъи иқтисодии минтақаҳо тавассути ташкили ҷойҳои нави корӣ мусоидат мекунад, ки ин сатҳи муҳоҷиратро дар байни ҷавонон коҳиш медиҳад ва шароити зиндагии баҳрабарандагони лоиҳаро беҳтар менамояд.

Permanent link to this article: http://jovid.tj/tj/%d0%b4%d0%b0%d1%81%d1%82%d0%b3%d0%b8%d1%80%d0%b8%d0%b8-%d0%b8%d0%b4%d0%b5%d1%8f%d2%b3%d0%be%d0%b8-%d0%b1%d0%b5%d2%b3%d1%82%d0%b0%d1%80%d0%b8%d0%bd-%d1%82%d0%b8%d2%b7%d0%be%d1%80%d0%b0%d1%82%d3%a3/