«

»

Авг 14

Print this Запись

ВАРАҚАИ ИТТИЛООТӢ

Моҳи апрели соли 2021 сол зер-лоиҳаи «Баланд бардоштани иқтидори ҷавонони деҳот дар соҳаи кишоварзии инноватсионӣ, технологияҳои сабз, агробизнес ва дигар фаъолиятҳои даромадовар бо потенсиали баланд барои таъсиси ҷойҳои корӣ» бо давомнокии 6 моҳ шурӯъ шуд. Амаликунандаи зер-лоиҳа Ташкилоти Ҷамъиятии Байналмилалии Хайриявии «Човид» мебошад ва дар чорчӯбаи фазаи 3-юми InnoResponse Challenge, ки аз ҷониби Барномаи Рушди Созмони Миллали Муттаҳид малағгузорӣ карда мешавад.

Дар чорчӯбаи зер-лоиҳа тақрибан 60 ҷавонони деҳот дар раванди баланд бардоштани дониш ва малакаҳо дар соҳаи кишоварзии инноватсионӣ, технологияҳои сабз, агробизнес ва фаъолиятҳои даромаднок ҷиҳати ташкили ҷойҳои корӣ дар ноҳияи Деваштичи вилояти Суғд фаро гирифта мешаванд. Қадами аввал ташкили чорабиниҳо барои шинос намудани намояндагони мақомотҳои Ҳукумати маҳаллӣ дар ноҳияи мақсаднок оиди мақсад ва вазифаҳои зер-лоиҳа ва дастгирии онҳо мебошад. Натиҷаҳои интизории зер-лоиҳа:

  • тадқиқоти хурд оид ба муайян намудани талаботи ҷавонон бо таваҷҷӯҳ ба имкониятҳои инноватсионӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии онҳо гузаронида шуд;
  • ҳадди аққал 60 нафар ҷавонон, аз ҷумла 30% занону духтарони ҷавон аз ноҳияи мақсаднок дониш ва малакаҳои амалии худро дар соҳаи кишоварзии инноватсионӣ, технологияҳои сабз ва агробизнес баланд намуданд;
  • 7 идеяҳои ояндадор барои тиҷорати хурд дар соҳаи кишоварзӣ ва технологияҳои сабз муайян ва дастгирӣ карда шуданд;
  • барои татбиқи идеяҳои интихобшуда кӯмаки техникӣ ва машваратӣ расонида шуд.

 

Шахси масъули зер-лоиҳа:

Барои гирифтани иттилооти иловагӣ, марҳамат, ба Рамазон Нурмамадов, Ҳамоҳангсози зер-лоиҳа: icpo.jovid@gmail.com, тeлефон: (+99292) 774-16-61 муроҷиат намоед.

Permanent link to this article: http://jovid.tj/tj/%d0%b2%d0%b0%d1%80%d0%b0%d2%9b%d0%b0%d0%b8-%d0%b8%d1%82%d1%82%d0%b8%d0%bb%d0%be%d0%be%d1%82%d3%a3-4/