«

»

Июл 04

Print this Запись

ҲАР ЯК ҚАТРА ҲИСОБ ДОРАД

Заминҳои кишоварзии ноҳияи Ишкошим асосан нишебианд, структураи замин санглох, ҷаббиши (филтратсияи) баланд ва хосияти наминигоҳдории паст доранд. Дар чорчӯбаи лоиха дар ноҳияи Ишкошим бори аввал усули обёрии қатравиро дар ду боғ (масоҳат 1,75 га) ҷорӣ намуд. Обёрии қатравӣ дар қитъаҳои замини деҳаҳои Баршор (ҷамоати Қозидеҳ) ва Сумҷин (ҷамоат Р.Юсуфбеков) ҷойгиранд.

Обёрии қатравӣ — яке аз усулҳои сарфакоронаи истифодаи об барои зироаткорию боғдорӣ мебошад, ки тавассути он об бевосита ба решаи растаниҳо баробар ба тариқи қатра дода мешавад.

Афзалияти обёрии қатравӣ:

  1. Бинобар бевосита ба решаи растаниҳо (ниҳолҳо, дарахтон) додани об сарфаи он вобаста аз синну соли боғ аз 2 то 5 маротиба ба даст меояд (хусусан дар хокҳои қумдору санглох).
  2. Сарфаи қувваи барқ 1,5-2,5 маротиба таъмин мегардад
  3. Сарфаи ғизо барои растани 20-50%
  4. Ҳимояи хок аз обшўйшавӣ, бодлесшавӣ ва шўршавӣ
  5. Тақсими баробари об ба ҳамаи дарахтон ё зироатҳо (баробарии тақсимот 85-95%)
  6. Кам шудани алафҳои бегона ва хавфи паҳншавии касалиҳо.
  7. Имконияти парвариши зироатҳо дар заминҳои ноҳамвор ва нишебиашон калон.
  8. Дар маҷмўъ баланд шудани ҳосилнокии зироатҳо.

Рафти насб ва тарзи истифодабарии системаи обёрии қатравӣ дар ин қитъаҳои боғи интихобшуда ба шунавандагон тариқи омузиш амалан нишон дода шуд.

Натиҷаҳои таҷрибаҳои илмӣ ва амалӣ исбот намуданд, ки ин усули обёрӣ барои ниҳолҳо, буттаҳо ва дарахтон самараноктар аст.

Дар оянда аҳолӣ ният доранд, ки дар ҷойҳои камоб масоҳати заминҳое, ки бо обёрии қатравӣ насб мешаванд зиёд намоянд ва бо ин фасила сазми худро дар беҳтаршавии муҳити атроф расонанд.3. Капельный полив 13. Капельный полив

Permanent link to this article: http://jovid.tj/tj/%d2%b3%d0%b0%d1%80-%d1%8f%d0%ba-%d2%9b%d0%b0%d1%82%d1%80%d0%b0-%d2%b3%d0%b8%d1%81%d0%be%d0%b1-%d0%b4%d0%be%d1%80%d0%b0%d0%b4/