«

»

Янв 03

Print this Запись

Гиёҳҳои шифобахш – солимии одамон

Целевые районы

Целевые районы

ТҶБХ «Ҷовид» сокинони 4 ноҳияи Суғдро парвариши рустаниҳои шифобахш ва дар ниҳояти кор солим будану аз фурӯши он даромад ба даст овардан омӯзонд.

«Беҳгардонии истеҳсол, коркард ва фурӯши рустаниҳои шифобахш, гиёҳҳои қаннодӣ ва атриётӣ, зироатҳои лӯбиёӣ, нигоҳдорӣ ва барқарорсозии дарахтони  мевадору ороишии камёб ва аз байн рафтаистода» — чунин ном дошт лоиҳаи рақами 649, ки онро ТҶБХ «Ҷовид» моҳи июли соли 2006 оғоз намуда, декабри соли 2007 бо шарикии Ассотсиатсияи корхонаҳо ва кооперативҳо (АКК) ба анҷом расонид.

Лоиҳа дар ноҳияҳои Б. Ғафуров, Ғончӣ, Шаҳристон ва Истаравшан ба иҷро расид. Дар он 250 хонаводаи фермерии қитъаи замин дошта, инчунин истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзии инфиродӣ, ки дар шаклҳои гуногуни кооперативҳо барои коркарди аввалия ва фурӯши маҳсулоти бутун (8 иттиҳодия) муттаҳид шуда буданд, ба фаъолият ҷалб шуданд. Дар он инчунин мактабҳои деҳот, дорухонаҳо, бунгоҳҳои тиб, нуқтаҳои фелдшерӣ — акушерӣ, соҳибкорони ба коркард ва фурӯши ин маҳсулотҳо машғулбуда  ширкат варзиданд

Мақсади лоиҳа:  баланд бардоштани сатҳ ва сифати зисти аҳолии деҳоти Шимоли Тоҷикистон тавассути ҷалби онҳо ба фаъолияти даромадоварандаи рӯёнидан, коркард, фурӯш ва истифодаи  ашёи қаннодӣ ва атриётӣ, рустаниҳо ва дарахтони камёбу аз байн рафтаистода мебошад.

Permanent link to this article: http://jovid.tj/tj/%d0%b3%d0%b8%d1%91%d2%b3%d2%b3%d0%be%d0%b8-%d1%88%d0%b8%d1%84%d0%be%d0%b1%d0%b0%d1%85%d1%88-%d1%81%d0%be%d0%bb%d0%b8%d0%bc%d0%b8%d0%b8-%d0%be%d0%b4%d0%b0%d0%bc%d0%be%d0%bd/