«

»

Янв 01

Print this Запись

Гурҳи ташаббускор сатҳи зисти аҳолии деҳотро мебардоранд.

grupp_mini Яке аз мақсадҳои асосии лоиҳа ташкили гурӯҳҳои ташаббускор барои худмададрасонӣ мебошад. Пеш аз ташкили чунин гурӯҳҳо кормандони ТҶБХ «Ҷовид» бо сокинони маҳал вохӯрда, бо мушкилотҳои баланд бардоштани сатҳи зиндагонии онҳо халал мерасонида мароқ зоҳир намуданд ва пурсидан, ки барои рафъи онҳо ва вазъияти худро беҳтар намудан бо кадом кор машғул шудан мехоҳанд.

50 дархости қариб ҳамаи самтҳо гирифта шуд. Одамон ба парвариши гандум, коркарди пашм, кушодани устохонаи дӯзандагӣ ва дӯкони фурӯши нуриҳои минералӣ таваҷҷӯ зоҳир намуданд. inic_grupp_miniТамоми дархостҳои  гурӯҳҳои ташаббускорро  бодиққат санҷида,  8 дархост интихоб карда шуд. 5-тои онро ( дар ҳар кадоми он аз 5 то 11 нафар)  гурӯҳи бонувони ноҳияи Зафаробод пешниҳод намуданд. Ҳоло онҳо ба коркарди шир, парвариши лӯбиё, офтобпараст ва зироати полезӣ саргарми коранд.

Аз рӯи ҳамин лоиҳа кӯмакро он гурӯҳҳои ташаббускор ба даст оварданд, ки саҳми худро ва маблағи хешро  барои кушодани фаъолияти худ гузоштан тайёр буданд . Бо маблағи лоиҳа дастгоҳҳои қаймоқгир (сепаратор)  ва тухмиҳои навъи яккачин (элитный) – ро гурӯҳои ташаббускор дар асоси бебозгашт гирифтанд. Таҳвили дастгоҳҳои қаймоқгир ва тухмиҳо бо тренингҳои истифодаи фаъоли онҳо ҳамроҳӣ карда шуд.

Гурӯҳҳои ташаббускори амалкунанда ҳар як 15 рӯз бо ҳам ва хизматчиёни ТҶБХ «Ҷовид» вомехӯранд ва мушкилотҳои пайдошударо якҷоя ҳал мекунанд. Бо ин онҳо ба мустақил будан ва баланд шудани ҳисси масъулият одат мекунанд. Ҳосили гирифтаро фермерҳо бояд ҳамчун маводи тухмӣ истифода баранд. Барои онҳо  иловагӣ дафтари мушоҳидаи агрономӣ барои боз ҳам самарабахштар пеш бурдани хоҷагии кишоварзӣ тартиб дода шуд.

Ба ғайр аз ин, вазифаи дигари гурӯҳи ташаббускор – ин ташвиқи гузаронидани Ислоҳоти Замин дар маҳал, яъне гирифтани даромади хубро аз парвариш ё коркарди онҳо бо усулҳои истифодашудаи рӯёндани зироати кишоварзӣ ба ҳамдеҳаҳо тарғиб мекунанд.

Permanent link to this article: http://jovid.tj/tj/%d0%b3%d1%83%d1%80%d2%b3%d0%b8-%d1%82%d0%b0%d1%88%d0%b0%d0%b1%d0%b1%d1%83%d1%81%d0%ba%d0%be%d1%80-%d1%81%d0%b0%d1%82%d2%b3%d0%b8-%d0%b7%d0%b8%d1%81%d1%82%d0%b8-%d0%b0%d2%b3%d0%be%d0%bb%d0%b8%d0%b8/