«

»

Янв 01

Print this Запись

Марказҳои Захиравию Машваратӣ фаъолиятро сар карданд.

rccБарои барпо амудани Марказҳои Захиравию Машваратӣ (МЗМ) хизматчиёни ТҶБХ «Ҷовид»  биноҳоро хоста гирифтанд ва  хостагирии ҳайат барои онҳо сар шуд. Машваратчиён аз ҳисоби сокинони маҳал интихоб шуданд. Озмуни ҷудо карда гирифтанро 24 мутахассис гузаштанд, ки пешакӣ бо хусусияти кор бо фермерҳо омӯхта шуда буданд.  Ҳар се моҳ пас кормандони ТҶБХ «Ҷовид» ба тариқи пурсишнома бо мақсади муайян сохтани талабот ба семинарҳои мавзӯии такмили ихтисос бо машваратчиён саволу ҷавоб мегузаронанд.

Барои муайян намудани он, ки сокинони маҳал ба кадом машварат ва тренингҳо эҳтиёҷ доранд, беш аз 300 нафар пурсида шуданд. Вазъи ислоҳои заминро фаҳмидан  тадқиқотҳои хурд мусоидат намуд. Масъалаҳои таҷдиди колхозҳо ва хоҷагии деҳқонӣ, инчунин зерсохтори муносиб ва мушкилоти соҳа омӯхта шуданд. Баъдан, аввал дар сатҳи ноҳия вапас аз он вилоят муаррифии лоиҳа гузашт, ки дар онҳо мақомоти ҳокимияти маҳал (намояндагони ҳукумати вилоят, ноҳияҳои  зерлоиҳа, идораи кишоварзӣ, кумитаи замин, кумитаи андоз ва ғайраҳо) ва беш аз 40 ташкилотҳои байналмилалӣ ва ҷамъиятӣ ширкат варзиданд.

Дар ҳоли ҳозир дар ҳар як МЗМ чорнафарӣ машваратчӣ кор мекунанд, яке аз онҳо дар дафтари кор навбатдор мемонад ва се каси дигар дар майдон байни фермерҳо мебошанд. Ҳамаи машваратҳои гузаронидашуда дар дафтари махсус тартибдодашуда қайд карда мешаванд. Аз 15 март сар карда, ба беш аз 3 300 фермер дар масъалаҳои гуногуни пешбурди кишоварзӣ машварат пешниҳод шуд. Аз рӯи гуфти кормандони МЗМ диққати деҳотиёнро пеш аз ҳама мубориза зидди малах, киштгардон, сарфакорона истифода бурдани захираҳои об, самаранокии зироатҳои кишоварзии парваришмешуда  ҷалб мекунад. Чорводоронро усулҳои хӯрондан ва нигоҳдории ҳайвонот, меъёри шабонарӯзии ғизо, тадбирҳои пешгирии бемориҳо ва роҳҳои мубориза бо касалиҳои ҳайвонҳои хонагӣ рағбатнок мекунад.

Машваратчӣ-иқтисодшинос оид ба қонунгузории меҳнат, тартиби барпо намудани хоҷагии деҳқонӣ ва тақсимоти колхозҳо сӯҳбат мегузаронад.

Permanent link to this article: http://jovid.tj/tj/%d0%bc%d0%b0%d1%80%d0%ba%d0%b0%d0%b7%d2%b3%d0%be%d0%b8-%d0%b7%d0%b0%d1%85%d0%b8%d1%80%d0%b0%d0%b2%d0%b8%d1%8e-%d0%bc%d0%b0%d1%88%d0%b2%d0%b0%d1%80%d0%b0%d1%82%d3%a3-%d1%84%d0%b0%d1%8a%d0%be%d0%bb/