«

»

Окт 25

Print this Запись

Тренингҳои соҳибкорӣ

Бизнес тренингиБизнес тренинги 2Дар чорчӯбаи лоиҳаи “Рушди малакаҳои касбӣ ва баланд бардоштани имкониятҳои бо шуғл таъмин гардидани ҷавонон дар Тоҷикистон” ташкилу гузаронидани тренингҳои соҳибкорӣ мавқеи махсусро дорост, чунки яке аз мақсадҳои асосии лоиҳа бо ҷои кор таъмин намудани ҷавонон — хатмкардагони курсҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзии роҳандозӣ намудаи ТҶБХ “Ҷовид” мебошад. Дар ин радиф омӯзонидани малакаҳои ибтидоии соҳибкорӣ, хусусан дар самти истеҳсолот ва хизматрасонӣ ба аҳолӣ аз аҳамияти зиёд бархӯрдор аст.

Барои гузаронидани машғулиятҳои тренинг тренерони соҳибихтисоси собиқадор ҷалб карда шуданд. Яке аз чунин тренерон дар ноҳияи Ишкошим Соҳибназарбеков Ёрбек, хатмкардаи Донишгоҳи Аграрии (собиқ Институти хоҷагии қишлоқи) Тоҷикистон бо тахассуси иқтисодчӣ-ташкилотчии истеҳсоли хоҷагии қишлоқ мебошад, ки худ соҳиби чандин сертификатҳои дараҷаи байналхалқӣ аст. Трененри дигар дар ноҳияи Мурғоб барои шунавандагони қирғиззабон Алибаев Эгамбердӣ даъват карда шудааст, бо ихтисоси муҳосиб, мудири қисми таълимии Литсеи касбию техникии ноҳияи Шуғнон дар ноҳияи Мурғоб. Тамоми умри босамари худро сарфи таълими ҳамин даргоҳ сарф намудааст. Пеш аз гузаронидани машғулиятҳо аз тренинги ташкилнамудаи ТҶБХ “Ҷовид” дар доираи лоиҳаи мазкур дар мавзӯи “Усулҳои муосири таълими касбомӯзии калонсолон”гузашт, инчунин ба тренинги тахассусӣ ҷалб карда шуд.

Тавассути барномаи “Рушди малакаҳои касбӣ ва баланд бардоштани имкониятҳои бо шуғл таъмин гардидани ҷавонон дар Тоҷикистон” бо роҳандозии ТҶБХ “Ҷовид” 19 тренинги “Соҳибкорӣ” бо фарогирии 278 шунаванда, аз он ҷумла 151 духтар дар ноҳияҳои Ишкошиму Мурғоб баргузор гардид. Кулли тренингҳо бо истифодаи 8 адад маводҳои иловагии тақсимотӣ, 5 аёнияту воситаҳои техникии омӯзиш баргузор гардиданд.

Permanent link to this article: http://jovid.tj/tj/%d1%82%d1%80%d0%b5%d0%bd%d0%b8%d0%bd%d0%b3%d2%b3%d0%be%d0%b8-%d1%81%d0%be%d2%b3%d0%b8%d0%b1%d0%ba%d0%be%d1%80%d3%a3/