«

»

Окт 25

Print this Запись

Курсҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзӣ

Краткосрочные курсыЧунин курсҳо баҳри дар муддати кӯтоҳтарин омода сохтани ҷавонони бе касбу кор ва ё бо касби дигари бозоргир, такмилу сайқал додани касби пештара нигаронида шудаанд. Ҷавонон сараввал аз курсҳои кӯтоҳмуддати хоҳишманд буда гузашта, соҳиби шаҳодатнома мегарданд, ки тавассути он имконияти аз тренинги соҳибкорӣ гузаштанро мегиранд. Дар рӯзи дуюми тренинги соҳибкорӣ тарзи тартиб додани пешниҳоди лоиҳаи хурди грантиро меомӯзанд ва ақидаҳои беҳтарини пешниҳодгардида аз ҷониби аъзоёни босалоҳияти Кумитаи хурди грантии ҳар як ноҳияи таҳти лоиҳа қарордошта (Ишкошим ва Мурғоб) дастгирӣ меёбанд. Аризаи дархости гранти хурди ҷонибдорӣ шуда бо таҷҳизотҳои муосири нишондодаи довталаб аз ҷониби кормандони ТҶБХ “Ҷовид” таъмин карда мешаванд.

Ҳамин  тарзи силсилавӣ роҳандозишудаи фаъолияти лоиҳа афзалиятҳои зиёдро дорост. Аз нахуст шавқмандии шунаванда бедор карда шуда дастгирӣ меёбад, ки боиси фаъолияти баланд дар фарогирӣ ва машғулиятҳои курсҳои касбомӯзӣ мегардад. Ғолибони озмуни ақидаҳои беҳтарини соҳибкорӣ соҳиби таҷҳизоти ҳозиразамони дархости худ шуда, соҳибкории хешро ба роҳ мемонанд, дар рафти фаъолият аз дониши андӯхта дар курси кӯтоҳмуддат, тренинги соҳибкорӣ ва баъдан маслиҳатҳои мутахассисон истифода намуда баҳраманд мегараданд.

Краткосрочные курсы 2Як ҷиҳати арзишманди чунин курсҳои кӯтоҳмуддати касбӣ дар он аст, ки аксари машғулиятҳо дар шакли амалӣ ба роҳ монда шудаанд. Аниқтар карда гӯем, беш аз 70% — и машғулияти дарсҳо ба тарзи таҷрибагузаронӣ иҷро мешаванд. Ба ин усули фаъолият пешакӣ таъмин намудани курсҳои банақшагирифташуда бо таҷҳизот, китобу аёниятҳо ва дигар маводҳои даркорӣ барои ҳар як курс мусоидат кард.

Омӯзгорони курсҳои кӯтоҳмуддати касбӣ нахуст ба тренинги “Усулҳои муосири таълими касбомӯзии калонсолон” ва баъдан ба ТОТ (тренинги омӯзиши тренерон)–и тахассусӣ, ки онҳоро ТҶБХ “Ҷовид” ташкил доду гузаронид, даъват карда шуданд. Ҳамаи ин тадбирҳо натиҷаи хубро ба бор оварданд. Тренерон Рустамбеков Гулбек, Қодиров Эргаш, Ҷаҳоннамо Абдураҳимова, Зафар Азизбеков, Алибаев Эгамберди ҳар як машғулияти соҳаи худро дар сатҳи баланди касбӣ ба роҳ монданд.

Аз оғози фаъолияти барнома то ба ҳол дар ду ноҳияи лоиҳавӣ (Ишкошиму Мурғоб) 24 курси кӯтоҳмуддати касбӣ бо фарогирии 386 шунаванда, аз ҷумла 197 духтар натиҷабардорӣ шудааст.Краткосрочные курсы 3

Permanent link to this article: http://jovid.tj/tj/%d0%ba%d1%83%d1%80%d1%81%d2%b3%d0%be%d0%b8-%d0%ba%d3%af%d1%82%d0%be%d2%b3%d0%bc%d1%83%d0%b4%d0%b4%d0%b0%d1%82%d0%b8-%d0%ba%d0%b0%d1%81%d0%b1%d0%be%d0%bc%d3%af%d0%b7%d3%a3/