»

Янв 01

Print this Запись

ТҶБХ «Ҷовид» лоиҳаи дастгирии Ислоҳоти Заминро сар кард.

Презентация проекта

Ташкилоти Ҷамъиятии Байналмилалии Хайротии «Ҷовид» (ТҶБХ «Ҷовид») 1 январи соли ҷорӣ лоиҳаро бо номи «Беҳгардонии дастрасӣ фермерьои маҳал ба захираҳои замин тавассути пешниҳоди машварати ҳуқуқӣ, ҳифзи ҳуқуқ ва беҳтаргардонии  заминсозӣ дар вилояти Суғд» — шурӯъ намуд. Лоиҳа, ки то 31 декабри 2009 сол давом меёбад, барои беҳтаргардонии сатҳи зисти аҳолии деҳот тавассути дастрасӣ ба истифодаи замин ва дастгирии Ислоҳоти Замин дар вилояти Суғд равона шудааст.

Мақсади муҳими лоиҳа, ки онро Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ мекунад, беҳгардонии дастрасии аҳолии деҳот ба захираҳои замин бо роҳи гузаронидани машваратҳо, баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳои кишоварзӣ, инчунин ворид сохтани зироатҳои ғайрианъанавӣ барои ҳамин ноҳияҳо.

ТҶБХ «Ҷовид» онро дар 6 ҷамоати ноҳияҳои Зафарободу Мастчоҳ амалӣ месозад. Барои шурӯъ намудан ба кор дар ин ноҳияҳо хизматчиёни «Ҷовид» бо роҳбарияти районҳо ва мақомоти худидоракунии  ҳукумати маҳал вохӯрӣ ташкил намуданд. Лоиҳа аз ҷониби мақомоти ҳукумати маҳали ноҳияҳои таҳти лоиҳабуда расман дастгирӣ ёфт.

Зинаи дигар, тадқиқотҳои ҷамоат ба хотири дарёфти нуқтаҳои аҳолинишин барои лоиҳа буд. Қарор дода шуд, ки барои фарогирии нисбатан васеътар ба гурӯҳҳои лоиҳа бояд ҷамоатҳои марказӣ ва ҳамчунин дар мусофот қарордошта дохил шаванд. Ҳамин тариқ, дар ноҳияи Мастчоҳ ҷамоатҳои Авзикен, Бӯстон ва Мастчоҳ, дар ноҳияи Зафаробод  бошад,  Абдураҳмони Ҷомӣ, Зафаробод ва Ҳамид Алиев интихоб шуданд.

Permanent link to this article: http://jovid.tj/tj/%d1%82%d2%b7%d0%b1%d1%85-%d2%b7%d0%be%d0%b2%d0%b8%d0%b4-%d0%bb%d0%be%d0%b8%d2%b3%d0%b0%d0%b8-%d0%b4%d0%b0%d1%81%d1%82%d0%b3%d0%b8%d1%80%d0%b8%d0%b8-%d0%b8%d1%81%d0%bb%d0%be%d2%b3%d0%be/