«

»

Янв 03

Print this Запись

Тренинг барои гурӯҳҳои лоҳиавӣ

01-1Бо мақсади болобарии сатҳи дониши фермерҳо ва вусъатдиҳии  малакаҳои пешқадам дар соҳаи кишоварзӣ хизматчиёни Марказҳои Иттилоотию Машварати (МИМ) – и «Ҷовид» тренингҳо, семинарҳо ва рӯзҳои дари кушод барои фермерҳо ва гурӯҳҳои лоиҳавӣ мегузаронанд.

Дар чаҳорчӯбаи ҳамин лоиҳа аллакаи беш аз 25 тренинг ва рӯзҳои дари кушод ташкил карда шуданд, ки дар онҳо беш аз 420 нафар, 26% — и он занҳо, ширкат варзиданд. Дар рафти тренингҳо ба онҳо дониши зарурии амалӣ ва маводҳои зиёди иловагӣ дастрас карда шуд.

Барои гузаронидани тренингҳо аз ҷониби МИМ ҳамроҳи хизматчиёни ТҶБХ «Ҷовид» модулҳо, дастурамалҳо ва маводҳои илов01-3агӣ аз рӯи мавзӯҳои гуногун тартиб дода шуданд. Нақшаи гузаронидани тренингҳо мутобиқи эҳтиёҷоти гурӯҳи лоҳиявӣ ба назар гирифта шудааст. Тавре натиҷаи пурсишҳо нишон доданд, ҳамин замон диққати фермерҳоро  маълумоти  пешбурди ҳисоботи молиявӣ дар хоҷагиҳои деҳқонӣ (х/д), андоз андохтан  бо шартҳои таҳрири нави қабулшуда дар қонунгузории андоз, бештар ҷалб мекунад.

Инчунин зиёда аз 15 рӯзҳои қабули кушод бо иштироки намояндагони мақомоти ҳокимияти маҳал, мақомоти андоз, идораи кишоварзӣ гузаронида 01-2шуданд. Дар он ҷо ин мутахассисон моҳияти қонунгузории андоз ва ғ. – ро  фаҳмониданд.

Дар ҳар як тренингҳо ва рӯзҳои қабул ба ширкатварзидагон маводҳои иловагӣ ва иттилоотӣ аз рӯи мавзӯҳо ва масъалаҳои ба онҳо ҷолиб  дастрас карда мешаванд.

Permanent link to this article: http://jovid.tj/tj/%d1%82%d1%80%d0%b5%d0%bd%d0%b8%d0%bd%d0%b3-%d0%b1%d0%b0%d1%80%d0%be%d0%b8-%d0%b3%d1%83%d1%80%d3%af%d2%b3%d2%b3%d0%be%d0%b8-%d0%bb%d0%be%d2%b3%d0%b8%d0%b0%d0%b2%d3%a3/