«

»

Янв 04

Print this Запись

Беш аз 2 000 машварат – кӯмак ба деҳнишинон

g13Натиҷаи нахустини лоиҳа дар охири соли 2005 ба даст омад, ҳангоме ки дар ноҳияҳои Шаҳристон ва Ғончӣ Марказҳои иттилоотӣ-машваратӣ ба тавоноии пурраи худ ба кор шурӯъ намуданд, ҳайати онҳо ба таври умум 14 нафарро дар бар мегирифт.

Машваратчиён, ки байни онҳо кормандони  идораи замини ҷамоатҳо низ буданд, ба фермерҳо оид ба дастгирии ислоҳоти замин дар сатҳи маҳал сӯҳбат меоростанд, онҳоро бо иттилооти  нархҳои бозор дар бахши маҳсулоти кишоварзӣ таъмин мекарданд. Сокинони  ба истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ машғул буда азхудкунии технологияи навинро пешниҳод менамуданд. Дигаргунсозии ҷараёни бозорро дар қисмати хоҷагии кишоварзӣба назар гирифта, машваратчиён диққати бештарро  ба мушкилоти ислоҳоти замин, таҷдиди корхонаҳои кишоварзӣ, банақшагирии соҳибкорӣ ва менеҷмент равона намуданд.

Шумораи машваратҳои пешниҳодшуда аз мавсимиg6 истеҳсоли кишоварзӣ вобаста буд.  Ҷараёни асосии омадани мизоҷон (фермерҳо) ба нуқтаҳои машваратӣ аз моҳи январ то май мушоҳида мешавад. Дар ин муддат соҳибони хоҷагиҳои деҳқонӣ ва хоҷагиҳои шахсии ёрирасон фаъолияти худро ба нақша даровардан шурӯъ мекунанд, сохтори киштро тартиб медиҳанд ва хароҷотҳои молиявии худро аз моҳи июл то октябр ҳисобу китоб мекунанд. Аз моҳи июл то октябр мавсими ҷамъоварӣ сар мешавад ва фермерҳо оид ба самтҳои нигаҳдорӣ ва коркард, инчунин маркетинги парвариши зироатҳо муроҷиат мекунанд.

Инчунин аз охири сентябру аввали октябр мавзими кишти ғалладона оғоз меёбад – ҳамин вақт фермерҳо барои маслиҳат пурсидан  ба дастрасии молия ва захираҳои баландсифат (тухмиҳо, нуриҳои минералӣ) таваҷҷӯҳ зоҳир мекунанд, чунки маҳз дар ин айём мавсими кор дар хоҷагиҳои деҳот сар мешавад.

Ба фермерҳо оид ба тарзи пешқадами парвариши зироатҳои кишоварзӣ, тадбирҳои ҳифз аз касалиҳо ва зараррасонҳо, навъҳои зироатҳои ватанӣ ва хориҷӣ, инчунин ғайрианъанавӣ донистан ниҳоят манфиатовар буд. Машваратҳо бо таҷрибагузаронӣ дар майдонҳои намоишию назоратӣ, қитъаҳои гурӯҳҳои ташаббускор ва фермаҳои навгонӣ тақвият дода мешуданд.

Чорводорон хоҳишманди донистани  макони хариди ҳайвоноти хушзот, гузаронидани бордоркунии сунъӣ, омӯхтани тартиб додани меъёри сарфакоронаи хӯронидани ҳайвоноти хонагӣ ва аз касалиҳо эҳтиёт карданро буданд.

Дар соҳаи андозбандӣ ва ҳисоботи муҳосиб фермерҳоро маош ва мӯҳлати пардохти андоз, усули пур кардани баённомаи андоз дар шакли «Фермер 1» рағбатнок кард. Барои фермерҳо семинарҳои махсус  оид ба ҳисбу китоби муҳосибӣ дар хоҷагиҳои деҳқонӣ ва андозбандии онҳо ташкил карда шуданд.

g12Ҳамагӣ хизматчиёни Марказҳои иттилоотӣ — машваратӣ ба таври умум 2 058 машварат вобаста ба мушкилотҳои гуногуни истеҳсолоти маҳсулоти кишоварзӣ, инчунин 115 тренингҳо ва семинарҳо дастрас намуданд.

Ҳамзамон  бо сокинони ноҳияҳои лоиҳавӣ кор карда, ТҶБХ «Ҷовид»  бо мақомотҳои давлатии ҳукумати маҳал, бо идораҳои хоҷагии деҳот, бахшҳои замин ва   андоз ҳамкории зич  дошт. Пас аз ҳар се моҳ барои ошкор сохтани мушкилотҳои асосӣ ва муттаҳидона равона намудани  кӯшишҳо вохӯриҳо баргузор мешуд. Дар рафти ин вохӯриҳо, масалан, маълум шуд, ки байни занон – аъзоёни хоҷагии таҷдидшудаи «Обиборик» ва «Чуянчӣ» тренинг ташкил намудан лозим ва ҳақу ҳуқуқи онҳоро фаҳмонидан даркор.

Барои намояндагонимақомоти ҳукумати маҳал моҳи апрели соли 2006 дар ноҳияи Ғончӣ ва маи ҳамин сол дар ноҳияи Шаҳристон дар мавзӯи раванди ислоҳоти замин дар маҳал «Ҷовид» 2 конфронс гузаронид. Аз рӯи натиҷаи ин вохӯриҳо дар ноҳияи Шаҳристон гурӯҳи ташаббускори занон ташкил  шуд ва ба онҳо барои кишти зироатҳои маҳсулоти кишоварзӣ замин ҷудо карданд.g14

Шӯъбаи назорати «Ҷовид»  муайян намуд, ки пеш аз оғози лоиҳа дар ноҳияи Шаҳристон 130 хоҷагии деҳқонӣ фаъолият дошт,  дар саршавии соли 2007 бошад, шумораи онҳо аллакай 153 шуданд. Меарзад таъкид намудан, ки бо ҳамкории машваратчиёни  МИМ – и ҳамин ноҳия як хоҷагии калони деҳқонӣ бо масоҳати умумии 70 га ташкил карда шуд. Дар ноҳияи Ғончӣ дар давоми мавҷудияти лоиҳа хоҷагиҳои «Обиборик» ва «Иторчӣ» таҷдид шуданд. Дар заминаи ин хоҷагиҳо баъдан 33 хоҷагии деҳқонӣ барпо гардид.

Кормандони «Ҷовид» оид ба мувозинати гендерӣ низ фаромӯш накарданд, чунки тезу тунд будани масъалаи шуғли занонро дар ноҳияҳои таҳти лоиҳа  ва тасаввуроти  анъанавии  деҳотиён ба фаълияти онҳо халал ворид месохтаро хуб медонистанд. Вале, новобаста ба ин, ҳиссаи занон дар ҳамаи чорабиниҳои лоиҳа беш аз 43% — ро ташкил дод.

Permanent link to this article: http://jovid.tj/tj/%d0%b1%d0%b5%d1%88-%d0%b0%d0%b7-2-000-%d0%bc%d0%b0%d1%88%d0%b2%d0%b0%d1%80%d0%b0%d1%82-%d0%ba%d3%af%d0%bc%d0%b0%d0%ba-%d0%b1%d0%b0-%d0%b4%d0%b5%d2%b3%d0%bd%d0%b8%d1%88%d0%b8%d0%bd%d0%be/